«АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ», асари ҳаким Нуриддин Муҳаммад Абдуллоҳ (маъруф ба ҳаким Айнулмулки Шерозӣ; а. 18). Китоб ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, оид ба таҳқиқи номҳо, табиат ва хосияти доруҳои сода баҳс мекунад. С. 1726 ба номи Шаҳобиддин Муҳаммад Шоҳиҷаҳон таълиф шуда, аз муқаддима, натиҷа ва хотима иборат аст. Муқаддима дар чаҳор фоида оварда шудааст: фоидаи аввал дар баёни тасҳеҳи эъроб ва аломати он; фоидаи дуввум дар баёни аломатҳои забони ҳар диёр; фоидаи саввум дар таҳқиқи табоеъ ва дараҷоти он; фоидаи чаҳорум дар баёни мухтор, шарбат, муслиҳ, бадал ва нишонаҳои он. Натиҷа дар зикри алфози доруҳо ба тартиби алифбо ва баёни аломатҳои онҳо аст. Хотима дар баёни адвияи ситта (шаш дору)-и серманфиате, ки дар диг. китобҳои пешин камтар зикр шудаанд (мас., подзаҳр, мумиё, чӯби чинӣ, чой, қаҳва ва танбоку), баҳс мекунад. Китоб дар Ҳиндустон ба тариқи сангӣ чоп шудааст. Ду нусха аз дастнависи он дар Захираи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ зери рақамҳои 687 ва 1125 маҳфуз аст.
С. Шаҳобуддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …