Главная / Илм / АЛЮМИНИЙ

АЛЮМИНИЙ

aluminiumАЛЮМИНИЙ (Aluminium, Al), элементи химиявии гурӯҳи III ҷадвали Менделеев, рақами ат. 13, массаи ат. 26,98, ҳарор. гуд. 6600, ҳарор. ҷӯш. 25000. А. 8,8 фисади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар табиат дар ҳолати як изотопи собит вомехӯрад; чанд изотопи сунъии радиоактив ҳам дорад. Аксари намакҳои А. дар об нағз ҳал шуда, муҳити турш ҳосил мекунанд. Миқдори А. дар организми одам хеле кам аст.
Дар амалияи тиб доруҳое, ки аз намакҳои А. таркиб ёфтаанд, истифода мегарданд. Намакҳои ҳалшавандаи А. хосияти қобизӣ (ғунчасозӣ), бактерисидӣ ва сӯзандагӣ доранд. Пайвастҳои ҳалшавандаи он, мас., гидрооксиди А., гили сафед (каолин) таъсири ҷазбӣ ва фарогир мерасонанд.
Гили сафед дорувори тибби қадим аст. Мас., Абӯалии Сино аз қавли Дисқуридус гуфтааст: «Ҳамаи намудҳои гиле, ки андар пизишкӣ ба кор баранд, ба таври умум дорои қувваи гиранда, нармкунанда, сардиоваранда ва часпонанда буванд, вале ба таври хусус ҳар кадом дорои хосиятеанд, ки аз барои як чиз судманданд ва аз барои чизи дигар не. Аз ҷумлаи гили заминҳои кишт бархе бисёр сафед буда, бархе хокистарист… Агар онро бар порае аз мис бисованд, аз совидани он ранги зангор ҳосил шавад. Онро гоҳе чун шустани сафеда бишӯянд… решҳоро гӯшт мерӯёнад ва ҷароҳатро баҳам меоварад…» Гили сафед (Bolus alba) дар тибби муосир низ мавриди истифода аст. Онро дар шакли хока, хамира ва марҳам барои табобати бемориҳои пӯст, реш, шалҳидагӣ, сӯхтагӣ кор мефармоянд. Меъёри истеъмоли он барои калонсолон аз 20 – 30 то 100 г (дар як шабонарӯз), барои кӯдакон 5 – 10 г аст. Ҳамчунин гили сафедро ба қурсу ҳабҳое, ки дар таркибашон маводи зудвайрон дошта бошанд, илова мекунанд.
Ад.: Халифаев Д., Ҳоҷиматов М., Гил ва гилдавоӣ, Д., 2002; Фармацевтическая химия, М., 2005.
М. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …