Главная / Илм / АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ

АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ

asar«АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб аз як муҷаллади бузург ва 26 боб иборат аст. Муаллиф дар он ақидаи файласуфонро дар бораи манфиат ва зиёни доруҳо ва ғизоҳо оварда, орои баъдомадагону пешгузаштагони тиб оид ба аворизу иллатҳои дар инсон аз сар то пой рӯйдиҳандаро низ ба он афзудааст. Аз дастхатҳои китоб як нусха дар Берлин, як нусха дар Лейден, як нусха дар Париж ва як нусха дар Петербург мавҷуд будааст.
Ад.: Муқаддимаи «Манофеъу-л-ағзия», таълифи Закариёи Розӣ, Димишқ, 1984; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 2, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …