«АЛ-ҲОВӣ», асари Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб. Розӣ дар асар ҳамаи бемориҳои маълум ва муолиҷаи онҳоро зикр кардааст. Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ «А.-Ҳ.» аз 13 фасл иборат аст: беморӣ ва муолиҷаи беморон, ҳифзи сиҳат; бахия (чоки захм), шикастабандӣ ва захмҳо; нерӯи доруҳо, ғизо ва диг. моддаҳо, ки дар тиб истифода мешаванд; доруҳои мураккаб, санъати тиб, дорусозӣ, рангу таъм ва бӯи доруҳо; навъи баданҳо, вазнҳо ва кайлҳо (ченакҳо); шарҳу вазифаҳои аъзо; иллат ва сабабҳои табиии санъати тиб; нахустин истилоҳоти тиббӣ ва муқддимаи тиб.
Муаллиф барои таҳияи китоби мазкур 15 соли умрашро сарф кардааст. Китоб иборат аз 30 муҷаллад мебошад. Ошноӣ бо мӯҳтавои «А.-Ҳ.» шаҳодат медиҳад, ки Розӣ аз таълифоти Дисқуридус, Буқрот, Ҷолинус ва диг. табибони юнонӣ, римӣ, ҳиндӣ, арабӣ хуб огоҳӣ доштааст. «А.-Ҳ.» қомуси ҳақиқии тиб буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тибби амалӣ ва назариявии ҳамон даврро дарбар мегирад. Абӯалӣ ибни Сино ба ин асари Розӣ шинос буд, ки дар китоби худ «Аш-Шифо» иқтибосҳои сершумор карданаш далели ин мебошад. Ба қавли муаррихон Шайхурраис зимни шурӯъ кардан ба омӯзиши тиб дар навбати аввал ба «А.-Ҳ.» ошно шудааст.
«А.-Ҳ.» аввал с. 1486 ва минбаъд с-ҳои 1509, 1542 бо номи «Continens Rasis» дар Италия ба лотинӣ тарҷума шудааст. Дастхатҳои он бо номи «Ал-Ҷомеъ-ул-ҳозир ли синоати-т-тиб» ва «Ал-Ҷомеъу-л-кабир» дар китобхона-музейи Италия, китобхонаҳои Мюнхен, Оксфорд, Кембриҷ, дар Испания, Истанбул, Ромпур, Мадрас ва ғ. маҳфузанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …