Главная / Илм / АМБЛИОПИЯ

АМБЛИОПИЯ

ambliopijaАМБЛИОПИЯ (Amblyopia; аз юн. amblus – суст, заиф ва opos – чашм), беқувват шудани чашм. А.-ро бемории «чашми танбал» низ меноманд. Одатан дар як, баъзан дар ҳарду чашм мушоҳида мешавад. А. маризии атфол аст (аз давраи таваллуд то синни 7-солагӣ давом мекунад). Баъзан дар кӯдаконе, ки як чашми онҳо гирифтори наздикбинӣ ё дурбинӣ аст, ба вуҷуд меояд. Агар қувваи як чашм нисбат ба чашми дигар бештар бошад, пас мағзи сар ба тасвири сусту хирае, ки аз чашми иллатӣ меояд, «эътибор» намедиҳад. Ин гуна ҳолат тадриҷан боиси инкишофи А. хоҳад шуд. Кӯдак шояд ҳатто эҳсос накунад, ки ӯ фақат бо як чашм менигарад.
А.-ро сари вақт ташхис кардан лозим аст. Чунин кӯдакон, одатан, каҷ нигоҳ мекунанд ё барои дуруст нигаристан, сарашонро ба ягон тараф мегардонанд. Аҳвалӣ, наздикбинӣ ё дурбинии сахт, осеби шохпардаи чашм, ки барои гузаштани рӯшноӣ аз чашм монеъ мешавад, кам будани вазн ҳангоми таваллуд, чалла таваллуд ёфтан ва ғ. ба пайдоиши А. мусоидат менамоянд.
Баҳри табобати А. аз бандина, доруҳои чашм, айнак ва ғ. истифода мекунанд. Ба таъхир гузоштани муолиҷа ба манфиати кӯдак нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …