Главная / Илм / АНАТОМИЯ

АНАТОМИЯ

anatomiyaАНАТОМИЯ (Anatomia; аз юн. anatome – чок кардан), анатомияи одам, илмест оид ба шакл, сохт ва инкишофи организми одам вобаста ба кори системаю узвҳои алоҳида ва таъсири мутақобили муҳит. А. аз ҷумлаи фанҳои асосии тибби назарӣ ва амалист.
Маълумоти нахустин роҷеъ ба А.-и одам дар асарҳои олимони қадим Арасту, Буқрот, Закариёи Розӣ, Абӯалии Сино, Ибни Рушд ва диг. мавҷуданд. Равнақи А. дар Шарқ бештар ба фаъолияти эҷодии Абӯалии Сино вобаста аст. Асарҳои безаволи ӯ оид ба А.-и одам солҳои зиёд сарчашмаи асосии маълумоти ин соҳа буданд. Дар «Қонуни тиб»-и Шайхурраис дар робита ба А.-и одам мавзӯъҳои ҷолиб ҷой дода шудаанд.
Омӯзиши анатомияи организми одам аз тавсифи муттасилу дақиқи намуди берунӣ ва сохти дарунии узвҳо иборат аст. Барои осон шудани омӯзиши сохти бадан узвҳоро мувофиқи сохт, амал ва инкишоф муттаҳид намуда, дар бораи онҳо маълумот медиҳанд (А.-таснифӣ).
А. ба чунин фаслҳо тақсим мешавад: остеология – таълимот оид ба устухонҳо; артросиндесмология – таълимот оид ба банди устухонҳо (аз он ҷумла оид ба буғумҳо ва пайвандҳо); миология – таълимот оид ба мушакҳо; спланхнология – таълимот оид ба узвҳои дарунӣ (нафаскашӣ, ҳозима, ихроҷ, таносул); ангиология – таълимот оид ба системаи рагҳои хун ва лимфа; неврология – таълимот оид ба системаи асабҳои марказӣ ва канорӣ; эндокринология – таълимот оид ба ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ; эстезиология – таълимот оид ба узвҳои эҳсос. Он боби А.-ро, ки тағйироти шакл ва сохти узвҳоро роҷеъ ба ҳар гуна давраҳои ҳаёти одам меомӯзад, А.-и синну сол меноманд (ба ин фасл А.-и кӯдак ҳам дохил мешавад). А.-и пластикӣ (таълимот оид ба сохти берунии бадан ва таносубҳои он) аҳамияти бевосита калон дорад. Зеро донистани ин фасли А. нафақат ба рассомон ва ҳайкалтарошон, балки ба ихтироъкорони либосу пойафзор низ лозим аст. Инчунин А.-и топогрофӣ (таълимот оид ба ҷойгирии мутақобили узвҳо, бофтаҳо, рагҳо ва асабҳо дар ин ё он қисми бадан) барои тибби амалӣ, хусусан барои ҷарроҳӣ, аҳамияти калон дорад. Омӯхтани сохт ва шакли организм вобаста ба кори системаю узвҳои алоҳида вазифаи А.-и функсионалӣ мебошад. Таълимот оид ба сохти хурдтарини узвҳою бофтаҳоро гистология дарбар мегирад. Анатомияи патологӣ (таълимот оид ба шакл ва сохти узвҳою бофтаҳои иллатнок) аз А. чун илми мустақил ҷудо шудааст. А. усулҳои гуногуни тадқиқот (аз ташреҳ бо ёрии нештар то усулҳои микроскопияи электронӣ, рентгенография ва ғ.)-ро истифода мебарад.
Дар Тоҷикистон А. бо таъсиси кафедраи анатомияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1939) ташаккул ёфт. Феълан оид ба соҳаҳои мухталифи А. дар кафедраҳои А.-и ДДТТ, ДМТ, ДДОТ, ДДХ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва ғ. пажӯҳиш анҷом медиҳанд. Олимони соҳа дар ҷумҳурӣ ба ҳалли проблемаҳои таъсири омилҳои гуногуни муҳит ба сохт ва шакли бофтаю узвҳои бадан ҳини бемориҳои аъзои ҳозима, ҷигар, дилу рагҳо, лимфа ва ғ. дар шароити кӯҳистон, хусусиятҳои маҷрои хуну лимфа дар мавриди ҷарроҳии тухмдон, бачадон, меъда, масона (пешобдон), пӯст, ҷигар, ғӯзаи чашм, шуш, шикампарда ва ғ. машғул мебошанд. Дар ривоҷи А. дар Тоҷикистон саҳми олимон Раҳимов Я.А., Этинген А.Е., Абдураҳмонов Ф.А., Усмонов М.У., Қурбонов С.С., Муҳаммадқулова М.М., Каримов М.К. ва диг. калон аст.
Ад.: Абдураҳмонов Ф., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995 – 1998.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …