Главная / Илм / АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович

АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович

terapevtАНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович (08. 12. 1939, ш. Душанбе – 23. 01. 2002, ҳамон ҷо), терапевт, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (2000). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1965). Духтури терапевти беморхонаи минтақавии хоҷагии ба номи Ленини ноҳ. Ленин (ҳозира Рӯдакӣ; 1965 – 66), ординатори кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ДДТТ (1966 – 67), аспиранти кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони ш. Москва (1967 – 70), ассистенти кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ДДТТ (1970 – 74), сардухтури Хонаи маорифи санитарии ҷумҳуриявӣ (1974 – 78), сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (1978 – 79), ассистент, дотсент (1979 – 87) ва мудири кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ДДТТ (1987 – 2002). Муаллифи зиёда аз 140 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография ва 30 дастури методист, ки ба масъалаҳои беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустӣ, менеҷменти молиявӣ бахшида шудаанд. «Барномаи ҷумҳуриявии тадбирҳои аввалини беҳтар сохтани шароит ва ҳифзи меҳнат барои солҳои 1998 – 2000» – ротаҳия кардааст. Зери роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Бо медали «Ветерани меҳнат», «Нишони фахрии Салиби Сурх» ва ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: Формирование здорового образа жизни населения, Д., 1991; Социально-гигиенический анализ младенческой смертности, Д., 1998; Медико – социальные аспекты планирования семьи в регионе высокой смертности, Д., 1998; Гигиеническая оценка условий труда работниц маятниковых мигрантов легкой промышленности, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …