Главная / Илм / АНАТОКСИН

АНАТОКСИН

anotoksinАНАТОКСИН (Anatoxinum; аз юн. ana – баръакс ва токсин), ҳосилаи безарари токсин, ки хосияти антигенӣ ва иммуногении онро гум накардааст. А.-ро бо роҳи дар 37 – 40°С бо ёрии формалин безарар гардонидани токсин ҳосил мекунанд. А.-и барои иммунизатсияи одамон зарурро с. 1923 иммунологи франсавӣ Г. Рамон ҳосил кардааст. Барои пешгирии бемориҳои кузоз ва гулӯзиндонак А.-и зидди кузоз ва зидди дифтерияро истифода мебаранд. А.-ҳои стафилококкӣ, ботулизмӣ, дизентериявӣ, зиддизаҳрӣ ва ғ. низ мавҷуданд. А.-ро барои иммунизатсияи аспҳо (бо мақсади аз онҳо гирифтани зардоби муолиҷавии антитоксинӣ) низ кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …