Главная / Илм / АНАФИЛАКСИЯ

АНАФИЛАКСИЯ

PrintАНАФИЛАКСИЯ (Anaphylaxia; аз юн. ana – аз нав ва aphylaxia – беҳимоятӣ ), як намуди реаксияи аллергиро гӯянд, ки ҳангоми такроран ба организм таввасути пӯст ё мушак (на таввасути узвҳои ҳозима) ворид намудани баъзе моддаҳои аллергиязо ба вуҷуд меоянд (ниг. Аллергия). А. дар намуди реаксияи умумӣ ё ҷузъӣ (мас., чун иллати пӯст) зоҳир мешавад. Реаксияи умумию хеле аёни организмро сактаи анафилаксӣ меноманд. Зуҳуроти гуногуни А., аз ҷумла сактаи анафилаксиро баъзе доруҳо, нешзании занбӯри асал, орую говзанбӯр, гарди растаниҳо (агар баъди тадохули пештараи аллерген организм нисбат ба он ҳассос шуда бошад) ба вуҷуд меоранд. Душвор гардидани нафаскашӣ, паст шудани фишори хун ва беҳушӣ аломатҳои асосии сактаи анафилаксӣ мебошанд. Ҳангоми сактаи анафилаксӣ бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ мӯҳтоҷ мешавад.
Бо мақсади пешгирии А. бе тавсияи духтур истеъмол кардани доруҳо (беназорат истеъмол кардани онҳо боиси баланд шудани ҳассосияти организм мегардад) ҷоиз нест. Агар ҳангоми истифодаи дору ин ё он реаксияи аллергӣ (обварам, саглес ва ғ.) рӯй диҳад, бетаъхир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Баҳри табобати А. адреналин, эфедрин, доруҳои ҳормонӣ ва ғ.-ро кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …