Главная / Илм / АНГАТ

АНГАТ

angatАНГАТ (Hippophae rhamnoides), ангад, ангатхор, сарканак, хингбед, облепиха, навъе аз бутта ё дарахти буттамонанди хордор. Аз 3 то 11 м қад мекашад. Барги нештаршакл, гули майдаи ҷудоҷинса, меваи донакмонанди хуштаъму сершираи норанҷӣ, зард ё сурх дорад. Дар Тоҷикистон ангатзорҳои табиӣ асосан дар соҳ. д.-ҳои Ванҷ, Вахш, Ғунд, Зарафшон, Исфара, Кофарниҳон, Панҷ, Сир, Сурхоб, Хингоб, ҳавзаи Искандаркӯл ва ғ. вомехӯранд.
Меваи А.-ро тару тоза истеъмол мекунанд, ба таом меандозанд. Онро бисёр вақт аввалҳои зимистон меғундоранд (пас аз таъсири сармо талхиаш барҳам хӯрда, нордон, ширин ва хушбӯй мешавад). А.-и сармозада дер мепояд. Аз меваи А. мураббо, ҷем, моқут, пастила, полида, ҳар гуна нӯшокӣ тайёр мекунанд.
Дар тиб мева, равған ва решаи А.-ро истифода мебаранд. Табибони халқӣ меваи тару тозаи А.-ро ҳангоми дарди меъда, инчунин барои тақвияти кори узвҳои ҳозима тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби меваи А.-ро ҳангоми захми меъда менӯшанд, инчунин барои пешгирии амрози пӯст кӯдаконро дар он оббозӣ медоранд. Дар деҳоти Помири Ғарбӣ меваи тару тозаи А. («гулкитак) ҳамчун давои нармсозанда ҳангоми хушкидан ва кафидани пӯст, ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ва баъзе амрози пӯст, ки дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи моддаҳо пайдо мешавад, истифода мегардад. Истеъмоли ҷӯшоби меваю барги А. рехтани мӯи сарро бозмедорад. Нақеъи барги онро дар мавриди тарбод менӯшанд, ҷӯшоби тухмашро чун давои исҳоловар истеъмол мекунанд.
Равғани ангат, ки аз меваи он мегиранд, ҷароҳатро ба ҳам меорад ва дардро таскин мебахшад. Бо он шукуфа, бодхӯра, касалиҳои занона (бодхӯраи девори бачадон, колпит)-ро даво мебахшанд. Истифодаи равғани А. ҳангоми табобати назофарингит, бемориҳои чашм (трахома ва ғ.) натиҷаи хуб медиҳад. Омехтаи вазелин ва равғани А. давои ҷароҳатҳои сӯхтагист. Истеъмоли равғани А.-ро инчунин ҳангоми шуоъшифоии саратони сурхрӯда (1/2 чумча 3 маротиба дар як рӯз), дарди захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия медиҳанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …