Главная / Илм / АНАСТОМОЗ

АНАСТОМОЗ

anastomozАНАСТОМОЗ (Anastomosis), пайвастагии табиӣ ё сунъии узвҳои найчашакл, бронхҳо, рагҳо, асабҳо ва ғ. А. бештар дар силсилаи рагҳо дучор меояд. Мас., А.-ҳои шараёнӣ, варидӣ, лимфавӣ ва шараёну варидӣ. А.-ҳои дохилисистемавӣ шохаи ҳамон як рагро мепайванданд; А.-ҳои байнисистемавӣ бошанд, ҳавзаи ҳамсояро низ фаро мегиранд, мас., А.-и венаи даромадгоҳи ҷигар ва венаи холӣ. А.-и рагҳо вазифаи ноқилро иҷро мекунанд; онҳо ҳамчунин дар танзими хунгардиши марказӣ, хунгардиши канорӣ ва танзими ҳарорати организм ширкат меварзанд. Халал ёфтани фаъолияти ин А.-ҳо боиси дар узву бофтаҳо дармондани хун ва инкишофи варам мешавад.
Пайвастагии байни торҳои асабро низ А. меноманд. А.-и асаб имкон медиҳад, ки дар мавриди халал ёфтани интиқоли импулс аз як асаб ҳассосият дар мавзеи иннерватсия маҳфуз монад.
Дар амалияи ҷарроҳӣ ҳангоми бемориҳои гуногун, ки дар натиҷаи онҳо қобилияти гузарониши узвҳои найчашакл вайрон мешавад, бисёр вақт А.-и сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Мас., дар аснои сӯрохи бронхҳоро танг кардани омос, қисми тангшударо бурида, байни нугҳои он А. мегузоранд. Дар мавриди ихтилоли гузаронандагии роҳи меъдаю рӯдаҳо бошад, байни ҳалқаҳои рӯда, меъдаю рӯда, талхадону рӯда, ҳамчунин сурхрӯдаю рӯда А. гузошта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти узвҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо барқарор карда шавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …