Главная / Илм / АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна

АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна

endokrinologАНВАРОВА Шакархон Саидоромовна (тав. 03. 10. 1943, ш. Душанбе), эндокринолог, доктори илмҳои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ҶТ (1996), Корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1966). Духтури Беморхонаи ҷумҳуриявии эндокринологӣ (1966 – 67), ординатор (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистенти кафедраи бемориҳои даруни №2 (1972 – 87). Аз с. 1987 мудири кафедраи эндокринологияи ДДТТ. Доир ба масъалаҳои муҳимми эндокринологияи клиникӣ, диабети қанд ва бемориҳои ғадуди сипаршакл дар Тоҷикистон тадқиқот бурдааст. Дар мавзӯи «Муқоисаи натиҷаи табобат бо меркозолил ва перхлорати калий, истифодаи якҷояи онҳо дар беморони гирифтори ҷоғари мунташири заҳрогин» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Густариш ва хусусияти тиббию биохимиявии диабети қанд дар байни аҳолии манотиқи гуногуни Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 197 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 монография, 5 дастури таълимӣ ва 8 дастури амалию методӣ оид ба масъалаҳои муҳимми эндокринологияи клиникӣ, 2 пешниҳоди навоварона. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 5 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. А. яке аз ташаббускорони ташкил намудани «Барномаи миллии мубориза бар зидди бемориҳои норасоии йод ва диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сарэндокринологи Вазорати тандурустии ҶТ, раиси Ассотсиатсияи диабетшиносон ва эндокринологҳои ҷумҳурӣ.
Ос.: Дастури мухтасари таълимӣ оид ба эндокринологияи клиникӣ, Д., 1998; Очерки по актуальным вопросам заболеваний щитовидной железы и сахарного диабета, Д., 2001; Заболевания щитовидной железы, Д., 2004; Заболевания органов внутренней секреции, Д., 2004; Актуальные вопросы клинической эндокринологии, Д., 2007; Современное представление о метаболическом синдроме, Д., 2008; Ошкорсозии бармаҳали ҷузъҳои алоими мубодилавӣ – кафолати пешгирии диабети қанди навъи 2-юм, Д., 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …