Главная / Илм / АНАЭРОБҲО

АНАЭРОБҲО

anaerobnaya-bakteriyaАНАЭРОБҲО (Anaeroba; аз an – ҳиссачаи инкорӣ, aer – ҳаво ва bios – ҳаёт), микробҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд. А. ду хел – воҷиб ва новоҷиб мешаванд. А.-и воҷиб дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд. А.-и новоҷиб ҳам дар муҳити оксигендор ва ҳам дар муҳити беоксиген афзоиш меёбанд (мас., қаламчамикроби рӯда, иерсинияҳо, стафилококкҳо, стрептококкҳо, шигеллаҳо ва ғ.).
А.-и воҷибро, ки ангезандаҳои бемориҳои одаму ҳайвонот мебошанд, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард: спорадор (кластридияҳо) ва беспора. Ба А.-и спорадор ангезандаи ботулизм, сирояти анаэробӣ, кузоз мансубанд. А.-и беспора ду хел – грамманфӣ ва граммусбат мешаванд (бактероидҳо, фузабактерияҳо, вейлолнеллаҳо, пептококкҳо, эубактерияҳо ва ғ.).
А.-и воҷиб дар организм ҳамеша вуҷуд доранд. Онҳо як қисми микрофлораи мӯътадили одам мебошанд, вале дар мавриди фароҳам омадани шароити мусоид метавонанд боиси сар задани бемориҳои гуногун (мас., перитонит, думбали шуш ва майна, пневмония, эмпиемаи плевра, уфунат ва ғ.) шаванд. Сабаби бисёр бемориҳое, ки А.-и беспора меангезанд, заиф гаштани таассури организм бинобар осебҳои гуногун, амалиёти ҷарроҳӣ, хунук хӯрдан, ихтилоли масуният (иммунитет) ва ғ. аст.
Барои ҷудо намудани А.-и воҷиб аз таҷҳизоти махсус, муҳити ғизоӣ, усулҳои кишти А. ва ғ. истифода мекунанд. Ниг. низ Бактерияҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …