Главная / 2018 / January (страница 2)

Архив Месяца: January 2018

КУНҶИД

kunchit

КУНҶИД (Sesamum indicum), кунҷит, сим-сим, гиёҳест яксола. То 50 – 150 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги мудаввар ё нештаршакли думчадор, гули зангӯлачашакли сафед, гулобӣ ё бунафш, ғӯзаи сабз ё сурхтоби дарозрӯя, тухми зағирмонанди сафед, зард, қаҳваранг ё сиёҳ дорад. Июн – сент гулу мева мекунад. К. дар саноати …

Муфассал »

КУРОРТ

kurort

КУРОРТ, маҳаллеро гӯянд, ки дорои омилҳои муолиҷавии табиӣ (чашмаҳои минералӣ, лои шифобахш, иқлими хос ва ғ.) буда, иншоотҳои гидротехникӣ, балнеотехникӣ, санаторияҳо ва диг. муассисаҳои табобатию истироҳатӣ мавҷуданд. К.-ҳо мувофиқи хусусияти омилҳои муолиҷавӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: балнеологӣ, лойқашифоӣ, иқлимшифоӣ. Аксари К.-ҳо чанд омилҳои табобатӣ доранд: балнеологию лойқашифоӣ, балнеологию иқлимшифоӣ, …

Муфассал »

КУРОРТОЛОГИЯ

kurortologia

КУРОРТОЛОГИЯ (аз курорт ва … логия), як соҳаи тиб, ки омилҳои табиии табобатӣ (обҳои минералӣ), лойҳо, хусусиятҳои иқлиму маҳал ва таъсири онҳоро ба организм меомӯзад, усулҳои босамари барои пешгирии табобат истифода бурдани онҳоро пешниҳод мекунад. К. балнеология, балнеотерапия (муолиҷа бо обҳои минералӣ), блнеотехника (асбобу дастгоҳҳо барои тоза нигоҳ доштани обҳои …

Муфассал »

КУЧАЛА

kuchala

КУЧАЛА (Eminium alberii), кучула, сагкуш гиёҳест бисёрсолаи заҳрнок. Баргаш думчадароз (қисми зиёдаш дар зери хок ҷой гирифтааст), 3-парраи панҷашакл. Гулпояаш дароз (10 – 25 см). Одатан апр. – май мешукуфад, май – июн мева мекунад. Фақат дар Осиёи Марказӣ (ҷан. ғарби Помиру Олой, ғарби Кабуддоғ) мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар баландии …

Муфассал »

КӯДАКИ ЧАЛА

kudaki-chala

КӯДАКИ ЧАЛА, кӯдаки навзодест, ки пеш аз мӯҳлати муқаррарӣ байни ҳафтаҳои 28 ва 38-уми давраи инкишофи дохилибатнӣ таваллуд меёбад. Қади ӯ то 45 см ва вазнаш то 2500 г мешавад. Ниг. низ Афгона.

Муфассал »

КӯДАКИ ШИРМАК

kudaki-shirmak

КӯДАКИ ШИРМАК, кӯдаки синни то яксоларо гӯянд. Як соли ширхорагиро шартан ба чунин давраҳо ҷудо мекунанд: навзодӣ (то 4 ҳафтаи баъди тавлид) ва давраи ширхорагӣ ё синни хурди яслӣ (аз якмоҳагӣ то 1-солагӣ). Дар давраи ширхорагӣ рушди пуравҷи организми кӯдак ба амал меояд, ки ба он инкишофи минбаъдаи фикрӣ ва …

Муфассал »

КӯМАКИ МОМОӣ

kumaki-momoi

КӯМАКИ МОМОӣ, тадбирҳое, ки барои ҳифзи тандурустии зан дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд андешида мешаванд. К. м. муҳимтарин ҷузви системаи муҳофизати модарон ва кӯдакон мебошад. К. м. дар таваллудхона, маркази мушовараи тиббии занон, пунктҳои фелдшерию акушерӣ, шӯъбаҳои махсуси бемористонҳо, инчунин дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳати занони ҳомила расонида …

Муфассал »

КӯРӣ

kuri

КӯРӣ [Ca(e)citas], нобиноӣ, гум кардани қувваи босира. Солҳои пеш дар Тоҷикистон дар байни аҳолӣ сабаби асосии К. бемории нағзак (32,58% – и ҳамаи нобиноён), бленнореяи навзодҳо (илтиҳоби римноки луобпардаи чашм, ки гонококкҳо ба вуҷуд меоранд), бемории пардаи қарнияи чашм (24,3%), глаукома (14%), трахома (8,7%) ва ғ. буданд. К. ду хел …

Муфассал »

КӯРРӯДА

КӯРРӯДА (Caecus), як қисми рӯдаи ғафс, ки аз даромадгоҳи рӯдаи борик поёнтар ҷой гирифтааст. К. шакли халтаро дошта, дарозиаш тақр. 4 – 8 см аст. К. дар тиҳигоҳи рост қарор дорад. Аз он кирмрӯда (аппендикс) ибтидо меёбад. Вай найчаи борик буда, дарозиаш 2,5 – 15 см, қутраш 3 – 4 …

Муфассал »

КӯҲНАВАРДӣ

kuhnavardi

КӯҲНАВАРДӣ, алпинизм, бо мақсадҳои варзишӣ ва тадқиқот баромадан ба қуллаҳои кӯҳ. К. дар одам хислатҳои мардонагӣ, чолокӣ ва ғ.-ро тарбия мекунад, нерую тавон мебахшад, ҳамоҳангии ҳаракат ва пуртоқатиро инкишоф медиҳад. Дуруст ташкил кардани К. ва нафас гирифтан аз ҳавои кӯҳистон ба саломатӣ таъсири мусбат расонда, як навъ истироҳати фаъол маҳсуб …

Муфассал »