Главная / Без рубрики / КӯМАКИ МОМОӣ

КӯМАКИ МОМОӣ

kumaki-momoiКӯМАКИ МОМОӣ, тадбирҳое, ки барои ҳифзи тандурустии зан дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд андешида мешаванд. К. м. муҳимтарин ҷузви системаи муҳофизати модарон ва кӯдакон мебошад. К. м. дар таваллудхона, маркази мушовараи тиббии занон, пунктҳои фелдшерию акушерӣ, шӯъбаҳои махсуси бемористонҳо, инчунин дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳати занони ҳомила расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳамаи занҳои шаҳру деҳот саривақт аз кӯмаки мутахассисон баҳра баранд. Асосҳои ягонаи ташкилӣ ва илмию методии К. м., дар амал ҷорӣ намудани усулҳои навини ҷилвагирӣ, ташхис ва табобат, мутасил баланд бардоштани ихтисоси кормандони тиббӣ боиси беҳтар шудани сифати ин кӯмак мегарданд.
Барои беҳтар намудани сифати К. м. таваллудхонаҳоро бо марказҳои мушовараи тиббии занон муттаҳид кардаанд; асоси кори охириро усули хизматрасонии маҳаллавӣ ташкил медиҳад. Ин барои саривақт ошкор намудани бемориҳои занона, аворизи ҳомилагӣ, таҳти назорат ва табобат будани занони ҳомила ва ба таваллудхона хобондани онҳо, ташкили маорифи санитарӣ оид ба назорати ҳомилагӣ, давраи баъди таваллуд ва парвариши кӯдак имконияти месоид фароҳам меорад.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

xpjjquis

Сердаромадтарин шахсони маъруф дар с 2020 тибқи рейтинги Forbes

Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни рейтинг дар як сол пеш аз андозбандӣ ва боҷҳо 6,1 миллиард доллар …