Главная / 2018 / January (страница 4)

Архив Месяца: January 2018

ИБНИ ИВАЗИ КИРМОНӣ

nophoto

ИБНИ ИВАЗИ КИРМОНӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1438), Бурҳонуддин Нафис ибни Иваз ибни Ҳакими Кирмонӣ, табиби маъруфи замони темуриён. Дар Самарқанд зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китобҳои зерин дар тиб аз таълифоти ӯст: Шарҳи «Ал-Асбоб ва-л-аломот»-и Наҷибуддини Самарқандӣ» ва Шарҳи «Мӯҷазу-л-Қонун»-и Ибни Нафис. Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. …

Муфассал »

ИБНИ ҚИФ

nophoto

ИБНИ ҚИФ (с. тав. номаълум – ваф. 1286, Димишқ), Абулфараҷ Яъқуб ибни Исҳоқи Каркӣ., маъруф ба Ибни Қиф ва мулаққаб ба Аминуддавла табиб ва ҷарроҳи маъруфи масеҳӣ. Аз шореҳони китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино буда, дар боби табобат таълифоти зиёд кардааст. Аз ҷумла китобҳои зерин ба қалами ӯ дахл доранд: …

Муфассал »

ИБНИ НАФИСИ ДИМИШҚӣ

nophoto

ИБНИ НАФИСИ ДИМИШҚӣ (1200 – 1288), Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, табиб, яке аз шореҳони бозаковат ва эҷодкори «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино. Дар Димишқ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Илми тибро дар назди Муҳаззабуддин ном табиб омӯхтааст. Сипас рӯ ба Қоҳира оварда, роҳбарии Бемористони мансуриро бар …

Муфассал »

ИБНИ РУШД

ibni-rushd

ИБНИ РУШД (1126 – 1198), Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад, файласуф, фақеҳи моликӣ ва табиби маъруфи араб. Дар Андалус (Испанияи исломӣ) дар шаҳри Қуртуба дар хонадони номдори фуқаҳои моликӣ ба дунё омада, баъд аз зиндагию фаъолият дар Марокаш вафот кардааст. И. Р. аз хурдӣ ба омӯхтани илм машғул шуда, хусусан илмҳои …

Муфассал »

ИБНИ САРОБИЮН

nophoto

ИБНИ САРОБИЮН, Яҳё ибни Саробиюн, яке аз табибони маъруфи суриёнизабони Шом. Нимаи дуввуми а. 9 дар Димишқ зиндагӣ ва фаъолият доштааст. ӯ ба забони суриёнӣ ду «Куннош» (маҷмуаи тиббӣ) таълиф кардааст, ки яке аз 12 ва дигарӣ аз 7 китоб иборат аст. «Куннош»-и хурдро гурӯҳи мутарҷимон с. 930 ба арабӣ …

Муфассал »

ИБНИ СИНО

ibni-sino

ИБНИ СИНО (16. 8. 980, деҳаи Афшанаи Бухоро – 18. 6. 1037, Ҳамадон), Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино; қисми ахири ном – Ибни Сино дар Аврупо ба гунаи «Авенсина» таҳриф шуда, ба «Авитсенна» табдил ёфт файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик. Падараш Абдуллоҳ аслан …

Муфассал »

ИБНИ СОЪОТӣ

nophoto

ИБНИ СОЪОТӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1230), Фахриддин Ризвон ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Хуросонии Соъотӣ, яке аз табибони маъруф ва дӯстдорони мероси тиббии Ибни Сино. Хонадони И. С. аслан аз Хуросон буда, худаш дар Димишқ таваллуд ёфтааст ва дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китобҳои зерин …

Муфассал »

ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ (ваф. 1165), Аминуддавла Абулҳасан Ҳибатуллоҳ ибни Абилъало Ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Тилмиз табиби хоси халифаи аббосӣ Ал-Муқтафӣ. Яке аз пизишкони мумтози замон буда, сарпарастии Бемористони аздиро бар ӯҳда дошт. ӯ раиси кулли табибони Бағдод буд. Ба Эрон сафар карда, дар он ҷо забони форсиро низ омӯхтааст. Дар тиб …

Муфассал »

ИБНИ ҲАЙСАМ

ИБНИ ҲАЙСАМ (965, Басра – 1039, Қоҳира), Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ, олими энсиклопедист. Дар Аврупо бо номи Алхатсен машҳур мебошад. Чанд муддат дар зодгоҳаш ш. Басра вазифаи вазириро иҷро кардааст. Баъдтар ҳаёти худро комилан ба илм бахшид. И. Ҳ. дар соҳаи офталмология хизматҳои арзанда дорад. Аввалин маротиба дар таърихи …

Муфассал »

ИБНИ ҲИНДУ

nophoto

ИБНИ ҲИНДУ (с. тав. номаълум – ваф. 1029), Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҳиндуи Бағдодӣ табиб, адиб, ҳаким, котиб ва шоир. Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. И. Ҳ.-ро бархе аз муҳаққиқон аз аҳли Рай донистаанд. Соҳиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи аҷдоди ӯ қумӣ будаанд, аммо мавлид ва маншаи …

Муфассал »