Главная / Илм / КУЧАЛА

КУЧАЛА

kuchalaКУЧАЛА (Eminium alberii), кучула, сагкуш гиёҳест бисёрсолаи заҳрнок. Баргаш думчадароз (қисми зиёдаш дар зери хок ҷой гирифтааст), 3-парраи панҷашакл. Гулпояаш дароз (10 – 25 см). Одатан апр. – май мешукуфад, май – июн мева мекунад. Фақат дар Осиёи Марказӣ (ҷан. ғарби Помиру Олой, ғарби Кабуддоғ) мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар баландии 500 – 1800 м аз с. б. месабзад. К. бӯи бад дорад. Лӯндаҳои онро барои заҳролудонии муш, гург, сагҳои девона истифода мебаранд. Ҳангоми заҳролудӣ аз К. узвҳои ҳозима осеб меёбанд. Шоридани ашк, сӯзиши чашмон, ба вуҷуд омадани нишонаҳои зуком, рафтани оби даҳон, беҳузур шудани дил, қай, дард кардани шикам аломатҳои заҳролудӣ аз К. мебошанд. Бинобар ин ҳангоми сарукор доштан бо он эҳтиёт бояд шуд. Мардуми таҳҷоӣ лӯндаҳои К.-ро барои муолиҷаи тарбод кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …