Главная / Илм / КӯРРӯДА

КӯРРӯДА

КӯРРӯДА (Caecus), як қисми рӯдаи ғафс, ки аз даромадгоҳи рӯдаи борик поёнтар ҷой гирифтааст. К. шакли халтаро дошта, дарозиаш тақр. 4 – 8 см аст. К. дар тиҳигоҳи рост қарор дорад. Аз он кирмрӯда (аппендикс) ибтидо меёбад. Вай найчаи борик буда, дарозиаш 2,5 – 15 см, қутраш 3 – 4 мм аст. Сӯрохи кирмрӯда ба даруни К. боз мешавад. Кирмрӯда пардае дорад, ки онро бо девораи К. ва қисми охири (интиҳои) рӯдаи тиҳигоҳӣ мепайвандад. Кирмрӯда бисёр вақт дар чуқурчаи тиҳигоҳии рост ҷой дорад; нӯги озоди он поён хамида, баъзан ба коси хурд мефарояд. Вале чунин мавқеи кирмрӯда дар ҳама одамон як хел нест. Мас., вай метавонад дар паси К. ҷой гирифта ба он бо парда пайваст шавад.
Дар пайвандгоҳи рӯдаҳои борик ва ғафс дарғот (клапан) мавҷуд аст, ки он барои аз рӯдаи ғафс ба рӯдаи борик баргашта омадани ғизо роҳ намедиҳад. Дар сарҳади К. ва қулун сфинктер (ҳалқамушак)-и Бузи ҷойгир аст.
К. бисёр вақт пурра бо сифоқ (шикампарда) фаро гирифта шудааст; дар баъзе мавридҳо сифоқ онро фақат аз се тараф иҳота мекунад.
КЛ
Кӯррӯда ва кирмрӯда (девораи пеши рӯдаҳои ғафс ва борик бурида дур карда шудааст): 1 – сӯрохи тиҳигоҳию кӯррӯдаӣ; 2 – дарғоти сӯрохи тиҳигоҳию кӯррӯдаӣ; 3 – қулун (чархакрӯда); 4 – рӯдаи тиҳигоҳӣ; 5 – сӯрохи кирмрӯда; 6 – кирмрӯда; 7 – кӯррӯда.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …