Главная / Гуногун / Реализми сотсиалистӣ

Реализми сотсиалистӣ

Ин ҷараён ба ҳаракати коргарӣ ва пайдоиши иделогияи сотсиалистӣ алоқаманд аст. Он асосан аз Коммунаи Париж оғоз ёфтааст. Шоири коммунар Эжен Потъе, ки шахсан дар баррикадаҳо бар зидди версалчиён меҷангид, шеъри машҳури худ “Интернасионал”-ро навишт, ки он баъдтар суруди коммунистон гардид. Дар қатори Э. Потъе шоирони дигари Коммунаи Париж – Жан-Батиста, Луиза Мишел ва дигарон дар бораи мақсаду мароми синфи коргар ва муборизаи он бар зидди буржуазия ва замони кӯҳна асарҳо эҷод кардаанд.

102668_soc_8

Дар солҳои 80-ум нависандаи коммунарҳо Жюл Валлес асари сегонаи “Жак-Ветра’’-ро офарид, ки дар бораи ҳаёти вазнини қаҳрамони худ – аз бачагиаш cap карда то ҷонбозиҳои ӯ дар сангарҳо нақл мекунад.

Дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX шоирону нависандагони дигари адабиёти реализми сотсиалистӣ ба воя расиданд ва на танҳо дар Фаронса.

Нависандаи маъруфи реализми сотсиалистии рус А. М. Горкий буд. Мо ғояҳои ин равияи реализмро дар “Таронаи мурғи тӯфон”, “Таронаи мурғи лочин”, романи “Модар” ва асарҳои дигари ӯ баръало мебинем. А. М. Горкий ифодагари манфиатҳои синфи коргар ва деҳқон буд. Ӯ боварӣ дошт, ки синфи коргар бар баржуазия ғалаба мекунад.

Адабиёти реализми сотсиалистӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам пайдо мешавад. Баъдтар он дар ИҶШС ва мамлакатҳои дигари сотсиалистӣ ба зинаи баланди тараққиёти худ расида, қисми таркибии идеологияи марксистиро ташкил намуд. Ин адабиёт хусусияти синфӣ дошт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …