Главная / Илм / КӯДАКИ ШИРМАК

КӯДАКИ ШИРМАК

kudaki-shirmakКӯДАКИ ШИРМАК, кӯдаки синни то яксоларо гӯянд. Як соли ширхорагиро шартан ба чунин давраҳо ҷудо мекунанд: навзодӣ (то 4 ҳафтаи баъди тавлид) ва давраи ширхорагӣ ё синни хурди яслӣ (аз якмоҳагӣ то 1-солагӣ). Дар давраи ширхорагӣ рушди пуравҷи организми кӯдак ба амал меояд, ки ба он инкишофи минбаъдаи фикрӣ ва ҷисмонии ӯ низ вобаста аст. Дар ин синну сол организми кӯдак ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст. Узвҳои ӯ ба бемориҳои мухталиф ниҳоят ҳассос аст, бинобар ин ба нигоҳубини ниҳоят ҷиддӣ ва дуруст эҳтиёҷ дорад. Ниг. низ Навзод, Ширхора.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …