Главная / Ҷамъият / Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

Моддаи 68-и Кодекси Оила.  Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

  1. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …