Главная / Илм / АМНЕЗИЯ

АМНЕЗИЯ

amneziaАМНЕЗИЯ (Amnesia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва mneme – хотира), фаромӯшхотирӣ, ихтилоли хотир. Чанд хели А. мавҷуд аст, мас., А.-и ретроградӣ – кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; А.-и репродуктивӣ – бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғ.-ро фавран ба ёд оварда наметавонад; А.-и фиксатсиявӣ – гирифторони ин намуди А. воқеаҳои ҷориро дар хотир дошта наметавонанд; А.-и шиддатёбанда – қобилияти қабули хотира гум мешавад ва ёддоштҳо, хусусан воқеоти солҳои охир, оҳиста-оҳиста фаромӯш мегарданд. Беморони гирифтори А. ба маслиҳати духтури психиатр мӯҳтоҷ мебошанд. Ниг. низ Нисён.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …