Главная / Илм / КУРОРТ

КУРОРТ

kurortКУРОРТ, маҳаллеро гӯянд, ки дорои омилҳои муолиҷавии табиӣ (чашмаҳои минералӣ, лои шифобахш, иқлими хос ва ғ.) буда, иншоотҳои гидротехникӣ, балнеотехникӣ, санаторияҳо ва диг. муассисаҳои табобатию истироҳатӣ мавҷуданд. К.-ҳо мувофиқи хусусияти омилҳои муолиҷавӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: балнеологӣ, лойқашифоӣ, иқлимшифоӣ. Аксари К.-ҳо чанд омилҳои табобатӣ доранд: балнеологию лойқашифоӣ, балнеологию иқлимшифоӣ, иқлимию балнеологию лойқашифоӣ ва ғ.
Дар К.-ҳои балнеологӣ омили асосии муолиҷа оби минералӣ буда, онро барои обзан (ванна), душ, оббозӣ, нӯшокӣ (обҳои дорои хлорид, гидрокарбонат, сулфати натрий, калсий, магний ва ғ.), инчунин ингалятсия, имола, ғарғара ва ғ. истифода мебаранд. Дар курортҳое, ки лои шифобахш доранд, лойқаи таҳнишасти кӯлҳои шӯр, лойқаи торфи кӯлҳо, баъзан лойқаи вулқониро ба кор мебаранд. Дар курортҳои иқлимшифоӣ (климатотерапия) аз хусусиятҳои табобатии иқлим истифода мекунанд, ки он ба мавқеи географию шароити маҳал, наботот ва баландӣ (аз сатҳи баҳр) вобаста мебошад. Усулҳои асосии табобат дар К.-ҳои иқлимшифоӣ ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ, оббозӣ ва ғ. мебошанд.
К.-ҳоро дар лаби баҳр, кӯҳ, ҳамворӣ, ҷангал, дашт, бешадашт месозанд. Ба баъзе К.-ҳо иқлими нимбиёбон ва биёбон хос аст.
Дар К.-ҳо нафақат аз омилҳои муолиҷавии табиӣ истифода мебаранд, балки тадбирҳое низ андешида мешаванд, ки ба устувории организм бар зидди бемориҳо ва таъсироти ногувори иқлим мусоидат мекунанд. Барои афзун гардондани таъсири омилҳои табобатӣ, ғайр аз усулҳои асосии муолиҷа (балнеотерпия, муолиҷа бо лой, климатотерапия), ҳамчунин тадбирҳои физиотерапевтӣва варзиши шифоӣ низ кор фармуда мешаванд. Дуруст интихоб намудани беморон барои табобати санаторию курортӣ аҳамияти калон дорад. Муолиҷа дар К. бояд мувофиқи тавсияи тиббӣ гузаронда шавад.
Ҳангоми баъзе бемориҳо (мас., сил), баъди сактаи дил (инфаркти миокард) ва ҷарроҳӣ муолиҷа дар санаторияю курортҳое, ки ба иқлими онҳо беморон одат кардаанд, беҳтар аст. Ин гуна беморонро дар санаторияҳои маҳаллӣ ва махсус (табобати бемориҳои сил, меъдаву рӯда, асаб ва ғ.) табобат бояд кард. Пеш аз ба К. рафтан, албатта маслиҳати духтури муолиҷро гирифтан лозим.
Тоҷикистон бо конҳои оби минералӣ, лои шифобахш ва мавзеъҳои табобатии иқлиму табиаташон ҳархела шӯҳрат дорад.
Омилҳои асосии муолиҷавии К.-и иқлимию балнеологии Хоҷаобигарм (таъсисаш с. 1934) иқлим, оби минералӣ ва буғи радонии гарм мебошанд. Курорти мазкур дар баландии 1790 – 1960 м аз с. б. воқеъ гардидааст. Омилҳои муолиҷавии К.-и Обигарм (таъсисаш 1946), ки дар баландии 1200 – 1380 м аз с. б. ҷой гирифтааст, иқлим, оби минералии радонии суст мебошанд. Дар К.-ҳои Хоҷаобигарм ва Обигарм амрози занона, пӯст, силсилаи асаб, узвҳои ҳаракат, гардиши хун ва ғ. табобат карда мешаванд. К.-и балнеологии Шомбарӣ дар қаламрави ноҳ. Ҳисор воқеъ гаштааст. Ҳарор. оби минералии он 37 – 420С мебошад. Дар К.-и Шомбарӣ узвҳои ҳозимаро муолиҷа мекунанд.
Дар байни омилҳои муолиҷавии табиии Тоҷикистон обҳои минералии Гармчашмаи ноҳ. Ишкошим, Ҳавотоғи ноҳ. Истаравшан, чашмаи назди ағбаи Анзоб, инчунин гили кӯлҳои Оқсукони ноҳ. Ашт ва Танобчии ноҳ. Шӯрободро, ки дар муассисаҳои муолиҷавии диг. истифода мешаванд, низ қайд кардан зарур аст.
К.-ҳои ҷумҳурӣ барои пешгирии бисёр бемориҳо аҳамияти калон доранд. Ин хоса барои онҳое муҳим аст, ки сафар кардан ба роҳи дур ва мутобиқат ба шароити иқлими нав барояшон душвориҳо эҷод мекунад. Бино ба маълумоти дерматологҳои ҷумҳурӣ дар шароити К.-ҳои Тоҷикистон 80 – 90%-и беморони гирифтори амрози пӯстро метавон муолиҷа намуд. Қатъи назар аз он ки тиб дар ихтиёри худ давоҳои гуногун дорад, аҳамияти муолиҷавии К.-ҳо беш аз пеш меафзояд. Зери таъсири омилҳои иқлимшифоӣ ва балнеологӣ ноҷуриҳои фаъолияти организм нисбатан пурра барқарор мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …