Главная / Илм / ГЕПАРИН

ГЕПАРИН

geparinГЕПАРИН, моддае, ки лахтабандии хунро пешгирӣ мекунад; бори аввал аз ҷигар ҷудо карда шудааст. Г. дар ҳуҷайраҳои узвҳои ҳайвонот, мас., ҷигар, шуш ва девораи рагҳо ҳосил мешавад. Аз ҷиҳати табиати химиявӣ мукополисахариди сулфурдор буда, аз глюкозамин, кислотаи глюкуронат ва ғ. иборат аст. Массаи мол. тақр. 20000 Да. Г.-ро аз ҷигар ва шуши чорвои калон ҳосил мекунанд. Дар тиб ҳамчун антикоагулянт барои пешгирӣ ва табобати тромбозҳо истифода мешавад (дар шакли маҳлул ва марҳам). Дар мавриди бемориҳое, ки боиси ихтилоли лахтабандии хун мешаванд, ҳамчунин ҳангоми реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, колит, омосҳои саратонӣ, эндокардити бактериявӣ, нуқси ҷигар ва гурда, ҷарроҳии майна ва сутунмӯҳра истифодаи Г. ҷоиз нест. Он дар одамони организмашон ҳассос метавонад боиси зуком, саглес, ашкшорӣ, табларза, ташаннуҷи бронхҳо шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …