Главная / Илм / ГЕНОДЕРМАТОЗҲО

ГЕНОДЕРМАТОЗҲО

genodermatozГЕНОДЕРМАТОЗҲО (Genodermatosis; аз юн. genos – пайдоиш ва дерматозҳо), бемориҳои ирсии пӯст, ки бинобар мутатсияи генҳо (барои инкишоф ва фаъолияти мӯътадили пӯст заруранд) рух менамоянд. Г. метавонанд дар натиҷаи мутатсияи як ген (Г.-и моногенӣ) ё таъсири мутақобили генҳо ва омилҳои гуногун ба вуҷуд оянд (Г.-и гуногуномил). Иллати ирсии пӯст дар аснои бемориҳои хромосомӣ, мас., синдроми Даун низ ба мушоҳида мерасад. Г.-и гуногуномил (псориаз, нейродермит ва ғ.) нисбатан бештар вомехӯранд. Онҳо бо роҳи аутосомӣ – доминантӣ, гоҳо аутосомӣ – ретсессивӣ ба меросӣ мегузаранд.
Г. аксаран баъди таваллуд ё дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешаванд; баъзе Г. (мас., синдроми Вернер) дар калонсолон падид меоянд. Г. метавонанд аз бемориҳои узвҳои дохилӣ низ дарак диҳанд (синдроми Пейтс – Егерс – Турен). Бисёр Г. тарзи муолиҷаи босамар надоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …