Главная / Илм / ГЕПАТАРГИЯ

ГЕПАТАРГИЯ

gepatargijaГЕПАТАРГИЯ (аз юн. hepat, hepatos – ҷигар, argia – бефаъолиятӣ), энсефалопатияи ҷигар, яке аз навъҳои синдроми клиникӣ. Г. бо ихтилоли асабию рӯҳӣ, ки бинобар иллати вазнини ҷигар сар задааст, ба вуҷуд меояд. Бештар дар аснои гепатит, сиррози ҷигар, дистрофияи заҳрии ҷигар рух менамояд; он метавонад дар ашхоси гирифтори ихтилоли шадиди бо хун таъмин шудани ҷигар (тромбози шадиди венаи ҷигар, саҳван бастани артерияи ҷигар дар вақти ҷарроҳӣ), ҳамчунин дар бемороне, ки байни венаҳои бобӣ ва тиҳии онҳо анастомози сунъӣ гузошта шудааст, ба вуқӯъ пайвандад.
Инкишофи Г. ба коҳиши фаъолияти безараргардонии ҷигар, ки боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва дар хун ҷамъ шудани аммиак, фенолҳо ва диг. моддаҳои зарарнок (онҳо силсилаи асаби марказро заҳролуд месозанд) мегарданд, вобастагӣ дорад.
Ҳангоми иллати шадиди ҷигар Г. тезутунд оғоз меёбад: серҳаяҷонӣ, галлютсинатсияи биноӣ ва шунавоӣ, ҳазаён, амнезия, иғмои ҷигар ва ғ. Дар мавриди бемориҳои музмини ҷигар бошад, Г. тадриҷан сар мешавад: эйфорея ва депрессия, заъфи хотира, деменсия, ихтилоли хоб (хоболудии рӯзона ва бехобии шабона) ва босира, тағйир ёфтани ҳусни хат, сардард, сустҳаракатӣ, сарчархӣ ва ғ.; пилки чашм, лабҳо ва даст меларзанд.
Бо мақсади табобати Г. иллати ҷигарро муолиҷа мекунанд. Фарҷоми беморӣ ҷиддӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …