Главная / Илм / ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛӣ

ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛӣ

gepatiti-alkogoliГЕПАТИТИ АЛКОГОЛӣ, беморие, ки бинобар аз таъсири шароб осеб ёфтани ҷигар пайдо мешавад. Г. а. чун истилоҳ с. 1995 қабул шудааст. Он дар баробари фибрози алкоголӣ давраи аввали сиррози ҷигар маҳсуб мешавад.
Г. а. бемории тӯлонӣ буда, баъди 5 – 7 сол мунтазам истеъмол намудани машрубот сар мезанад. Дараҷаи вазнинии беморӣ ба миқдор ва сифати машрубот, инчунин ба муддати истеъмоли он вобаста аст.
Г. а. устувор ва афзоянда мешавад. Дар мавриди Г. а.-и устувор агар мариз аз истеъмоли машрубот худдорӣ кунад, пас раванди бемориро пешгирӣ намудан имкон дорад. Дар сурати худдорӣ накардан ва аз паи муолиҷа нашудан, беморӣ авҷ гирифта, нишонаҳои он тезутунд мешаванд; дар ҷигар манбаъҳои некроз пайдо гашта, маризӣ ба сиррози ҷигар табдил меёбад.
Дар мавриди сабук будани ҷараёни беморӣ муолиҷаи Г. а. натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Онро бо роҳи санҷиши лабораторӣ муайян мекунанд. Г. а. аломатҳои махсус надорад: гоҳ-гоҳ дар зери қабурғаи рост дард пайдо шуда, бемор оруғ мезанад, дил андаке беҳузур мешавад, эҳсоси пур будани меъда ба вуҷуд меояд. Дар сурати авҷ гирифтани беморӣ мариз қай карда, дарунрав (исҳол) мешавад; нишонаҳои зардпарвин ба вуҷуд меоянд; аз дарун хун меравад; миқдори билирубин дар хун афзуда, бемор мумкин аст бинобар нуқси ҷигар фавтад.
Ҷараёни Г. а. шадид ва музмин мешавад. Суиистеъмоли машруботи спиртдор дар 60 – 70 фисади ҳолатҳо боиси пайдоиши Г. а.-и шадид мегардад. Фарҷоми беморӣ ба дараҷаи ихтилоли фаъолияти ҷигар вобаста аст. Он хусусан ҳангоми мавҷудияти сиррози ҷигар вазнин ҷараён мегирад. Барои тасдиқ намудани ташхиси беморӣ биопсияи ҷигар зарур аст. Мариз сусту беҳолат ва хароб гашта, зери қабурғаи рост дард мекунад; дилбеҳузурӣ, қай, исҳол, зардпарвин рух менамояд (зардпарвин боиси хориши пӯст намешавад); тақрибан дар нисфи беморон табларза ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон бо ин пневмония, перитонити бактериявӣ, септисемия низ ба вуҷуд меоянд.
Аломатҳои Г. а.-и музмин низ ба нишонаҳои Г. а.-и шадид монанд мебошанд. Ташхиси Г. а. душвориҳо дорад, зеро дар бораи бемор маълумоти пурра ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин духтур бояд донад, ки мафҳумҳои «шаробмандӣ» ва «суиистеъмоли шароб» чиро дарбар мегиранд. Меъёрҳои шаробмандӣ чунин мебошанд: бисёр нӯшидан ва хоҳиши ҳамешагӣ доштан ба истеъмоли шароб; вақти бисёри худро сарфи шаробхорӣ кардан; дар ҷойҳои барои саломатӣ хатарнок истеъмол намудани шароб; аз мастӣ ба пастӣ задан; ба вуҷуд омадани нишонаҳои абстиненсия (парҳезгорӣ); бо мақсади фурӯ нишондани нишонаҳои абстиненсия шароб истеъмол кардан.
Барои табобати ҳама гуна навъҳои Г. а. аз истеъмоли шароб даст кашидан лозим аст. Муолиҷаи Г. а. вазифаи духтурони гепатолог ва нарколог мебошад.

Ғ.Қ. Мироҷов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …