Главная / Илм / ГЕНЕТИКА

ГЕНЕТИКА

geneticГЕНЕТИКА (юн. genesis – пайдоиш), илмест дар бораи ирсият ва тағйирпазирии организмҳо.
Тасаввуроти аввалин дар бораи табиати ирсият ва тағйирпазирӣ ҳанӯз дар ибтидои таърихи башарият баён ёфта буд. Он дар асоси мушоҳидаи одам доир ба ҳайвоноти хонагӣ, растаниҳо ва худи ӯ ба вуҷуд омад. Одам ҳанӯз дар ҳамон давраҳо барои бозтавлид аз ҳамон ҳайвонот ва растаниҳое истифода мекард, ки сифатҳои хуби онҳо бештар зуҳур ёфта буданд (яъне ӯ дар доираи ҷинсҳо интихоби муайян мегузаронд). Чунин селексияи содда ба одам имкон дод, ки ҳайвоноти гуногуни хонагӣ ва растаниҳои боғиро ба вуҷуд оварад. Якумин асари илмӣ дар бораи ирсият ва тағйирпазирӣ дар а. 17 пайдо шудааст. Он таълифи Камерариус «Қайдҳо дар бораи ҷинси растаниҳо» буд. ӯ дар ин асараш ба хулоса меояд, ки растаниҳо ҳам мисли ҳайвонот ҷинс доранд ва гардолуд шудани як навъи растанӣ бо гарди навъи дигар боиси пайдоиши шакли комилан нав мегардад. Дар ибт. а. 18 тавсифи нахустини чунин дурагаҳо пайдо шуд.
Қонунҳои асосии Г.-ро с. 1866 табиатшиноси чех Грегор Мендел дар натиҷаи таҷриба бо навъҳои гуногуни нахӯд муқаррар кард. Мендел ба хулоса омад, ки мерос гирифтани ҳар як аломатро ягон омил (ё омилҳо)-е, ки аз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ мегузарад, муайян мекунад; аломатҳои организмҳо ҳангоми дурага кардан нест намешаванд, балки онҳоро наслҳо мувофиқи қонуниятҳои муайян ба мерос мегиранд. Дертар онҳо « Қонунҳои Мендел» номида шуданд. Гарчанде ки Мендел дар бораи мавқеи омилҳои ирсӣ дар ҳуҷайра, табиати химиявии онҳо ва тарзи таъсир ба ин ё он аломат чизе намедонист, бо вуҷуди ин таълимоти ӯ дар бораи омилҳои мазкур чун воҳиди ирсият асоси назарияи генро ташкил медиҳад ва тарзи таҳлили генетикии мерос гирифтани аломат, ки самараи эҷодии ӯст, усули асосии генетика ба шумор меравад.
Дар ибтидои садаи 20 қонунҳои Менделро, ки ҳамасронаш сарфаҳм нарафта буданд, баъзе биологҳо «аз нав кашф намуданд». Бинобар ин с. 1900 расман соли ташаккули илми Г. маҳсуб мешавад.
С. 1906 бо таклифи Бэйтсон илме, ки ирсият ва тағйирпазириро меомӯзад, Г. номида шуд. Замони кашфиёти аҷиб фаро расид. Ҳанӯз с. 1901 Х. де Фриз номураттаб тағйир ёфтани аломатҳои ирсиро муқаррар намуд ва назарияи ба истилоҳ мутатсияро эҷод кард. Дертар Т. Морган ва диг. исбот намуданд, ки ноқили асосии генҳо хромосомаҳо буда, онҳо дар хромосома ба тартиби хаттӣ ҷой гирифтанд.
С. 1944 гурӯҳи тадқиқотчиён исбот карданд, ки интиқоли аломатҳои ирсӣ ба кислотаи дезоксирибонуклеат – КДН (ниг. Кислотаҳои нуклеат) вобастагӣ дорад. С. 1953 сохти молекулаи КДН-ро ошкор кардани Ҷ. Устсон ва Ф. Крик ба дарки механизми худтаҷдиди он ва дар айни замон барои ба наслҳо гузаштани генҳои волидайн имкон дод. Сипас сирри рамзи генетикиро ёфтанд. Ба тавассути он дар қисмҳои молекулаи КДН (генҳо) маълумоти роҷеъ ба сохти сафедаеро, ки зери назорати гени мазкур ҳосил шудааст, «бо рамз менавиштанд». Кашфиёти минбаъда Г.-ро ба зинаи нав бардошт.
Ба вуҷуд овардани консепсия дар бораи тарзи татбиқи ахбори генетикӣ, ки дар генҳо ифода ёфтааст, ба давраи нави инкишофи Г. замина гузошт. Кашфи ирсияти хориҷи хромосома, ки сабабаш таъсири плазмидҳо мебошад, аҳамияти калон дорад. Ин аз он сабаб ҳам муҳим буд, ки генҳои ошкорсозандаи зарари бактерияҳо барои одам ва ҳайвонот нафақат дар таркиби хромосомаҳо, балки дар таркиби чунин плазмидҳо низ ошкор шуданд.
Таҳкурсии Г.-и ҳозираи одам, ки бо омӯзиши организми инсон алоқаманд аст, ох. а. 19 гузошта шуд. С. 1875 Галтон барои муайян кардани мавқеи ирсият ва муҳит дар инкишофи аломатҳои ҷудогонаи одам, усули омӯзиши ташаккули онҳоро дар тавъамон (дугоникҳо) пешниҳод намуд. Ин тарзи таҳқиқи қонуниятҳои генетикӣ усули тавъамон ном гирифт. С. 1908 бори нахуст бемориҳои ирсии мубодилаи моддаҳо тавсиф гардиданд; Г.-и популятсиявии одам, ки сохт ва таҳрикаи таркиби генҳоро дар гурӯҳи маҳдуди одамон (популятсияҳо) меомӯзад, ифодаи мухтасари худро ёфт. Яке аз муҳимтарин вазифаи Г.-и популятсиявии одам «барӯихатгирии» фонди генҳои башарият аст. Ин соҳаи Г.-ро геногеография меноманд. Пешрафти соҳаи Г.-и популятсиявӣ барои гузаштан ба таҳлили таҳаввули силсилаи томи генҳо имкон дод, ки он бо пешгӯии тағйироти оянда дар табиати ирсии инсон алоқаманд аст.
Дар с-ҳои 20-уми а. 20 евгеника – таълимот дар бораи пешгирии ихтилоли имконпазири сифатҳои ирсии одам пайдо шуд. Таҳқиқи Г.-и одам нишон дод, ки ирсият ва тағйирпазирии организм, ҳамчунин гуногунии онҳо ба нишонаҳои истеъдоди ирсӣ ва шароити зиндагӣ (иҷтимоию иқтисодӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангӣ ва ғ.) алоқаманд аст.
Баҳри муҳофизати ирсияти одам ҳифзи он аз таъсироте, ки боиси мутатсияи зарарнок ва марговар мегардад, мавқеи муҳим дорад. Шумораи чунин омилҳои мутагенӣ баробари пешрафти техника дар ҳаёти одамон меафзояд.
Дар с-ҳои 50-уми а. 20 мавҷи нави тадқиқот оид ба Г.-и одам аз сабаби пешрафти Г.-и умумӣ ва радиатсионӣ мушоҳида шуд: с. 1956 шумораи аниқи хромосомаҳо (46) муқаррар гашт; с. 1959 бемориҳои хромосомии одам (синдроми Даун)-ро кшаф намуданд.
Г.-и одам ҳамаи генҳои ҳар як хромосома ва аломатҳоеро, ки онҳо назорат мекунанд, ҳамчунин саҳми ирсият ва муҳитро дар инкишофи аломатҳои муқаррарӣ ва пайдоиши мутатсия меомӯзад. Г.-и одам дар ҳамаи ин соҳаҳо комёбиҳои назаррас ба даст овардааст. Гуногуншаклии ирсӣ ё полиморфизм аз ҷумлаи онҳост. Чунончи, тақр. 200 варианти гемоглобин, шаклҳои зиёди ферментҳо ва ғ.-ро кашф кардаанд. Бо ёрии Г.-и биохимиявӣ усулҳои ташхиси бемориҳои ирсиро дарёфт мекунанд.
Мавҷудияти шумораи зиёди аломатҳои иммунологие, ки аз ҷиҳати генетикӣ муайян кардан мумкин аст, исбот шуд. Ба чунин аломатҳо, мас., сафедаҳои махсус ва карбогидратҳои сатҳи эритроситҳо ё лейкоситҳо, сафедаҳое, ки дар молекула қисми карбогидрат (гликопротеид) ва муайянкунандаи хусусиятҳои гурӯҳи хунро доранд, мансуб мебошанд. Ин боиси ба соҳаи мустақил ҷудо шудани иммуногенетика гардид.
Хромосомаҳоро ситогенетика меомӯзад. Олимон муқаррар намуданд, ки ҳуҷайраҳои омос нисбат ба ҳуҷайраҳои муқаррарӣ, одатан, маҷмӯи хромосомаҳои тағйирёфта доранд. Онҳо дар ҷараёни инкишофи омоси саратонӣ бо ҳуҷайраҳои тағйирнаёфта, ҳамчунин бо якдигар дар рақобат мебошанд.
Г.-и одам дар тадқиқоти худ аз рӯи қоидаи таъсири мутақобилаи омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ амал мекунад. Маълумоти Г. гувоҳӣ медиҳанд, ки дар масъалаи пешрафти иҷтимоӣ одам аз ҷиҳати ирсият ягон маҳдудият надорад. Дар дунё ду шахси хусусиятҳои ирсиашон якхела мавҷуд нест. Аз назари Г. ҳеҷ як нажод ё миллат нисбат ба нажод ё миллати дигар боло намеистад.
Соли 1939 Конгресси II байналхалқии генетикон қарор қабул кард, ки ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз нажод, миллат ва ранги пӯст, барои инкишоф имкониятҳои баробар ва пурра дода шаванд.
Ба туфайли комёбиҳои Г. саноати микробиологӣ ташкил ёфт. Истеҳсоли антибиотикҳо, аминокислотаҳо, сафеда ва диг. моддаҳо дар миқёси саноатӣ, ба даст овардани бактерияҳо, вирусҳо ва занбӯруғҳои микроскопии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта имконпазир гардид.
Г. барои ҳалли бисёр масъалаҳои тиббӣ, пеш аз ҳама дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ирсӣ (ниг. Генетикаи тиббӣ) аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …