Главная / Илм / БЕМОРИИ АДДИСОН

БЕМОРИИ АДДИСОН

bemorii-addisonБЕМОРИИ АДДИСОН (Morbus bronsaeus), бемории биринҷӣ, бемориест, ки дар натиҷаи осеби дутарафаи қишри ғадудҳои болои гурда ба вуҷуд меояд ва боиси кам ва қатъ шудани маҳсули гормонҳо – кортизол, кортикостерон ва алдостерон мегардад. Гормонҳои мазкур дар танзими фаъолияти узвҳои ҳозима ва дилу рагҳо, мубодилаи обу намак ва ғ. аҳамияти калон доранд. Беморӣ аз номи духтури англис Т. Аддисон (1793 – 1860), ки с 1849 бори аввал онро муайян карда буд, гирифта шудааст. Сабаби асосии Б. А. (дар 50 – 80 фисади ҳолатҳо) сили ғадудҳои болои гурда мебошад. Хуномоси ғадудҳои болои гурда ва газаки фасодноки онҳо, омос ва ғ. низ боиси инкишофи Б. А. мегарданд.
Б. А. суст инкишоф меёбад. Ба он асосан одамони 20 – 40 сола гирифтор мешаванд. Аломатҳои хоси Б. А чунинанд: ранги биринҷӣ гирифтани пӯст ва дар луобпардаҳо пайдо шудани доғҳои сиёҳ, ки натиҷаи ҷамъ шудани пигмегнти пӯст – меланин мебошад. Мариз тез хаста шуда, сараш дард мекунад, фишори хун паст, қувваи ҳофиза суст, кори меъдаю рӯдаҳо вайрон (кам шудани иштиҳо, сустии мушакҳо, дилбеҷошавӣ, қай, исҳол ё қабзият) мешавад. Ҷараёни беморӣ, одатан, музмин аст, вале баъзан хеле шадид (бӯҳрони аддисонӣ, ки ёрии таъҷилии тиббӣ шарт аст) низ мегардад. Барои пешгирии хурӯҷи беморӣ тавсияи духтурро қатъӣ риоя карда, аз бемориҳои шадиди сироятӣ, заҳролудӣ, зарбу лати ҷисмонӣ эҳтиёт шудан лозим. Ба беморон меҳнати сахти ҷисмонӣ, инчунин корҳои зӯрталаби фикрӣ манъ аст. Хӯрок бояд гуногун, сернамак ва сервитамин (хусусан витамини С, ки дар меваю сабзавот бисёр аст) бошад. Баробари ошкор шудани беморӣ маризро ҳатман дар беморхона бистарӣ мегардонанд. Табобат пеш аз ҳама ба рафъи иллати кори ғадудҳои болои гурда вобаста аст (ба миқдори муайян доруҳои гормонӣ гузаронида мешавад). Ин имкон медиҳад, ки умри бемор нафақат дароз, балки қобилияти кории ӯ низ нигоҳ дошта шавад.

Т.Р. Қодирӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …