Главная / Илм / БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ

БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ

bemorii-itsenko-kushingБЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ, бемории асабу ғадудҳои усораи дохилӣ, ки бинобар барзиёд ҳосил ва хориҷ гаштани гормони адренокортикотропӣ (ихроҷи кортизолро меафзояд) инкишоф меёбад. Беморӣ аз номи невропатологи шӯравӣ Н.М. Итсенко ва нейрохирурги америкоӣ Н.В. Кушинг гирифта шудааст. Б. бештар дар синни 20 – 40-солагӣ ба вуҷуд меояд. Дар кӯдакон ва пиронсолон аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Айни ҳол сабаби пайдоиши маризӣ маълум нест. Ҳангоми он дар гипофизи беморон аденомаҳои бисёр хурд ба вуҷуд омада, андозаи ғадудҳои болои гурда калон мешавад.
Ашхоси гирифтори Б. зоҳиран тағйир меёбанд: онҳо ба таври хос фарбеҳ ва рӯй мисли кулча гирд ва ғафс мешавад; дар зери манаҳ ва гардан низ чарбуи бисёр гирд меояд; дасту по бинобар атрофияи мушакҳо нисбатан борик ва кӯтоҳ; пӯст тунук, кабудча ва рихинаксор аст.
Дар мавриди Б. фишори шараён баланд гашта, сар дард мекунад; кӯдакони мариз аз сабзиш мемонанд (дар онҳо бемории санги пешоб ва пиелонефрит хуруҷ мекунад). Ҳангоми Б. раванди ҳосил шудани гормонҳои ҷинсӣ халал ёфта, дар занҳо вирилизм ва ихтилоли ҳайз, дар мардҳо аломати феминизатсия (занмонандӣ) ба мушоҳида мерасад.
Б.-ро духтури эндокринолог табобат мекунад. Интихоби усули муолиҷа ба дараҷаи вазнинии беморӣ вобаста аст, мас., шуоъшифоӣ, бо роҳи ҷарроҳӣ дур сохтани ғадуди болои гурда ё тавассути дору фурӯ нишондани фаъолияти қишри онҳо. Оқибати беморӣ ба ташхису табобати дуруст ва бармаҳал вобастагӣ дорад.
КЛ
Кӯдаки гирифтори бемории Итсенко – Кушинг (аломатҳои хоси он: қади паст, рӯи гирди фарбеҳ, дар шикам, чанбар ва гардан ғун шудани равған).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …