Главная / Илм / БЕЛКИН Виктор Шаевич

БЕЛКИН Виктор Шаевич

imagesБЕЛКИН Виктор Шаевич (тав. 17. 10. 1941, Душанбе), анатом, доктори илмҳои тиб (1975). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964) аввал ординатор, баъд ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии донишгоҳ ва аз с. 1973 мудири лабораторияи тадқиқоти тиббию биологии баландкӯҳи Шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи самараноки захираҳои табиии АФ ҶТ буд. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад. Таълифоти Б. ба хусусиятҳои тағйироти морфологӣ ва функсионалии организм, ки дар шароити баландкӯҳ дар ҷараёни мутобиқат ба вуҷуд меоянд, бахшида шудаанд. С. 1988 аз ҷумҳурӣ кӯч бастааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …