Главная / Илм / БЕМОРИИ МЕНЙЕР

БЕМОРИИ МЕНЙЕР

bolezn-meneraБЕМОРИИ МЕНЙЕР (Haemorrhagia labyrinthi), хуруҷи сахт чарх задани сар, ки он ба иллати гӯши дарунӣ вобаста аст. Аз номи духтури франсавӣ П. Менйер (1799 – 1862) гирифта шудааст. Ҳангоми авҷи беморӣ дилбеҳузурӣ, қай, ғуввоси гӯш, кам шудани қувваи шунавоӣ рӯй медиҳанд; дар вақти хурӯҷ бемор мувозанаташро гум карда, на роҳ гашта метавонад ва на нишаста. Баъди хурӯҷи беморӣ ҳолати мариз, одатан, мӯътадил мегардад, вале ин аломати шифо нест. Ба Б. М. сари ҳар чанд вақт (ҳафтае ё моҳе як маротиба) такрор шудани хуруҷ хос аст. Бо мурури замон сомеаи чунин беморон тадриҷан заиф гардида, оқибат мумкин аст кар шаванд. Гӯшвазнинӣ дар натиҷаи отит (газаки гӯши дарунӣ), иллати майнаю майнача ва диг. бемориҳо низ пайдо мешавад. Ҳангоми сар задани чунин иллатҳо барои ташхиси беморӣ ва бартараф намудани сабабҳои он ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Зудтар оғоз кардани муолиҷа натиҷаи хуб медиҳад. Риояи парҳез (мас., кам истеъмол намудани намак) ҳатмист. Истеъмоли витаминҳо, хусусан витаминҳои гурӯҳи В, ки дар сабзавот, мева, ҷигарбирён, нони сиёҳ ва диг. маҳсулоти хӯрокӣ мавҷуданд, беҳбудӣ меорад. Маҷмӯи варзишҳои махсусе, ки духтур ба бемор барои машқи мувозанат тавсия мекунад, натиҷаи хуб мебахшанд. Машқҳои варзиши шифоиро танҳо дар фосилаи байни хурӯҷҳои беморӣ мегузаронанд. Онҳо баъзан хуруҷи бемориро пешгирӣ мекунанд.
Ба Б. М. бештар дар синни 30 – 35 сола гирифтор мешаванд. Сабаби пайдоиши Б. м маълум нест, вале бисёр вақт онро бинобар таъсири бемориҳои сироятӣ ва аллергия, ихтилоли тағзия, мубодилаи витаминҳо ва об меҳисобанд. Дар натиҷа лабиринт варам карда, фишори лимфа баланд мешавад. Ҳамин тавр, интиқоли садо ба тавассути моеъоти гӯши дарун душвор гашта, фаъолияти шунавоии онро халалдор менамояд. Хуруҷи беморӣ ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, пурхӯрӣ, хастагӣ, тағйири фишори ҳаво, таъсири бӯи ошхона, дуди тамоку, ғавғо, авҷгирии тарбод ва ғ. сар мезанад. Барои пешгирии хуруҷи Б. М. тарзи меҳнат аҳамияти калон дорад. Ин гуна беморонро аз кор кардан дар васоити нақлиёт, баландӣ, шароити ғалоғула, дар назди мошинҳои ҳаракаткунанда, инчунин аз коре, ки бо сафараҳои дуру дароз вобаста аст, озод мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …