БЕМОРИИ БЕХТЕРЕВ (Spondylitis ankylopoёtica), спондилоартрити шахкунанда, бемории илтиҳобии музмини сутунмӯҳра ва бандҳо. Аз номи психоневрологи шӯравӣ Бехтерев В. М. (1857 – 1927) гирифта шудааст. Ба он асосан мардҳо (дар синни ҷавонӣ) гирифтор мешаванд. Сабаби беморӣ маълум нест. Тахмин мекунанд, ки дар инкишофи он баъзе омилҳои ирсӣ мавқеи хос дорад.
Беморӣ бештар бо дард кардану шах шудани сутунмӯҳраи миён ва чорбанд оғоз меёбад. Ҳангоми Б. Б. сутунмӯҳра дар ҳолати оромӣ низ дард карда меистад (дар вақти ҳаракат кардан дард таскин меёбад) ва фарқи он аз остеохондроз дар ҳамин аст. Бо гузашти рӯзҳо дард тадриҷан ба қисми сина ва гардан, қафаси сина мегузарад. Ҳангоми Б. Б. артрити бандҳои канорӣ, хусусан бандҳои калони по низ мушоҳида мешавад. Беморӣ бандҳои нисбатан камҳаракати синаю чанбарак ва қабурғаю синаро низ фаро мегирад. Дар ҷои ба устухонҳо пайвастани пай ва бандакҳо халтаҳои луобӣ низ осеб меёбанд (ниг. Бурсит). Иллати мазкур бештар дар кафи по рух намуда, ҳангоми роҳ рафтан дард пайдо мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо иридосиклит (бештар яктарафа), аортит, осеби дил, амилоидоз низ ба мушоҳида мерасанд.
Бемориро бо роҳи рентгенографияи сутунмӯҳра ва устухони кос ташхис менамоянд. Аломати рентгенологии бармаҳали он сакроилеити дуҷониба аст.
Барои муолиҷаи Б. Б. аз доруҳои гуногун, варзиши шифоӣ, фонофорези гидрокортизон, индуктотерапия ва ғ. истифода мебаранд. Ҳангоми артрити бандҳои канорӣ ба ҷавфи онҳо доруҳои кортикостероидӣ мефиристанд. Баъди фурӯ нишастани хуруҷи беморӣ обзанҳои гидрогенсулфидӣ ё радонӣ таъин карда мешаванд. Беморон бояд зери назорати диспансерии ревматолог қарор гиранд. Сари вақт шурӯъ кардан ба муолиҷа авҷи бемориро пешгирӣ мекунад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …