Главная / Илм / БЕКТОШӣ

БЕКТОШӣ

grossularia_reclinataБЕКТОШӣ (Grossularia reclinata), крижовник, як навъ буттамева. Аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Барги думчадори сабз ва гули зангӯлашакли сабзтоб дорад. Мевааш мудаввар ё байзашакли зард, арғавонии сертухм. Б. аз қаламча зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон чанд навъи Б.-ро, ки дар натиҷаи дурага кардани он бо намудҳои Б.-и америкоӣ рӯёнида шудааст, мепарваранд. Дар шароити Тоҷикистон Б. аз апр. – май то авв. июл гул мекунад. Б. растании асаловар аст. Зуд реша ронда, дар 2 – 3-солагӣ мева медиҳад. Мевааш 8 – 11% қанд, 1,2 – 1,7% кислотаҳои органикӣ, 0,88% моддаҳои пектинӣ, витаминҳои B, C, P, каротин, намакҳои оҳан ва фосфор дорад.
Меваи Б.-ро тару тоза мехӯранд; аз он инчунин мураббо ва компот тайёр мекунанд. Меваи Б. мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва ғалаёни хунро паст менамояд; истеъмоли он барои беморони гирифтори амрози меъдаю рӯдаҳо нафъ дорад, қабзияти музминро мекушояд. Табибон истеъмоли меваи Б.-ро дар мавриди бемориҳои гурда ва пешобдон низ тавсия медиҳанд. Меваи пухтарасидаи Б. хосияти зиддиомосӣ дошта, ба рагҳои хунгард устуворӣ мебахшад. Ҷӯшоби онро дар мавриди гиповитаминозҳо, норасоии оҳан, фосфор, мис, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (мас., дар аснои фарбеҳӣ), истисқо, хуншорӣ таъин мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …