Главная / Илм / БЛЕФАРИТ

БЛЕФАРИТ

blrfaritБЛЕФАРИТ (Blepfaritis; аз юн. blephoron – пилк), газаки канори пилки чашм, ки аз ғизои пастсифат, камхунӣ, амрози меъдаю рӯда, бемориҳои дандон ва бинӣ, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду ғубор, ислоҳ нашудани нуқси оптикии чашм, мас., дурбинӣ ва наздикбинӣ, астигматизм ба амал меояд. Ҳангоми Б. канори пилк сурх ва атрофи мижа варам карда, бо хилмаки сафед ё зард фаро гирифта мешавад. Мижа ба осонӣ мерезад ва баръакс (ба тарафи чашм) месабзад. Беморӣ музмин буда, якҷоя бо хориш, эҳсоси вазнинии пилкҳо, хастагии чашм, рӯшноитарсӣ ҷараён мегирад.
Б. фалсӣ (муқаррарӣ) ва захмӣ мешавад. Ҳангоми Б.-и фалсӣ канори пилк каме варам карда, карахш мебандад. Чашм хоришу сӯзиш мекунад, нисбат ба шамол, гарду чанг ва рӯшноӣ ҳассос мешавад. Дар мавриди Б.-и захмӣ халтачаҳои мӯй илтиҳоб пайдо карда, ярачаҳои хурд мебароянд ва хушкида карахш мебанданд.
Барои пешгирӣ ва табобати Б. пеш аз ҳама бартараф намудани шароити номусоиди гигиенӣ дар хона ва ҷои кор, беҳдошти организм, хӯроки серғизо, бо ёрии айнак бартараф кардани нуқси оптикии чашмҳо лозиманд. Аснои иллат ёфтани пилки чашм ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Б.-ро бо доруҳои тавсиякардаи духтур худи бемор ё хешовандони ӯ табобат мекунанд. Барои ин бо сарангушт ва ангушти ишоратии дасти чап пилки чашмро андаке поён кашида, бо дасти рост ба воситаи каламчаи шишагин ба канори пилк марҳам мемоланд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми Б. масҳи пилк, ки онро бояд духтур таъин ва иҷро кунад, натиҷаи хуб медиҳад. Табобати Б. басо давомдор буда, аз мариз сабру таҳаммул мехоҳад.
Барои пешгирии Б. саривақт табобат намудани бемориҳое, ки боиси он мегарданд, ҳамчунин риояи қоидаҳои беҳдошт: дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан дар сартарошхона, ҳаммом, машшотахона ва ғ. аҳамияти калон дорад.
Ад.: Парадоксов Л.Ф., Мероприятия по борьбе с глазной заболеваемостью в Таджикской ССР. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», 1939, № 3; Ҳамон муаллиф, Краткий справочник по глазным болезням, Сталинабад, 1943; Барбель И.Э., Болезнь края век, М., 1960.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …