Главная / Илм / БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич

БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич

imagesБОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич (тав. 01. 01. 1933, ш. Хуҷанд), терапевт, доктори илми тиб (1988), проф. (1989), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1983), Корманди шоистаи ҶТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ (1960). Сардухтури беморхонаи минтақавии хоҷагии боғу токдорӣ (1960) ва сардухтури беморхонаи Чептураи ноҳ. Шаҳринав (1960 – 63). Сардухтури беморхонаи роҳи оҳан дар ш. Душанбе (роҳи оҳани Осиёимиёнагии Вазорати роҳи оҳани ИҶШС; 1963 – 66). Ординатори клиникӣ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ ҶШС Тоҷ. (1966 – 71). Ассистенти кафедраи муолиҷаи госпиталии №1 ДДТТ (1971 – 78), докторанти Пажӯҳишгоҳи марказии гематологияи Вазорати тандурустии АИТ ИҶШС (1979 – 80). Мудир (аз 1981) ва дотсенти (1983 – 94) кафедраи бемориҳои даруни факултаи такмили ихтисоси духтурони ДДТТ. Асосгузор ва мудири кафедраи муолиҷаи факултавии факултаи тиббии ДДХ ба номи акад. Б.Ғ. Ғафуров (1994 – 97). Мудири кафедраи факултавии ДДТТ (1997 – 2003), мудири кафедраи муолиҷаи шӯъбаи Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд (аз 2004).
Б. духтури ҳозиқ ва ташкилотчии баландпоя аст. С. 1962 бо ташаббуси ӯ дар шаҳраки Октябри ноҳ. Шаҳринав аввалин таваллудгоҳ кушода шуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ бо истифода аз радионуклидҳои Au198, J131 ва йодгиппуран131 дар Лабораторияи нави Маҷорӣ (Венгерӣ) усулҳои замонавии таҳқиқи фаъолияти ҷигар, меъдаю рӯда ва гурдаи беморонро ба роҳ мондааст. Таҳти роҳбарии Б. 7 наф. рисолаи номзадӣ ва 1 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Муаллифи зиёда аз 160 таълифоти илмӣ, 8 навоварӣ ва 2 шаҳодатномаи муаллифӣ. Тадқиқоти Б. ба омӯзиши масъалаҳои амрози роҳи нафасу шуш, гардиши хун, узвҳои ҳозима, ихроҷи бавл ва узвҳои хунофар бахшида шудаанд. Узви ҳайати таҳририяи маҷ. «Клиническая гематология и трансфузиология» (Москва). Иштирокчии бисёр конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масоили бемориҳои дарун (Дрезден – 1991; Москва – 1985, 1990).
Ос.: Врачебно-трудовая экспертиза при заболеваниях внутренных органов, Д., 1987; Неотложные состояния и оказание экстренной помощи при важнейших заболеваниях внутренних органов, Хуҷанд, 1995.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …