Главная / Илм / БОБОЕВ Абдунаим

БОБОЕВ Абдунаим

imagesБОБОЕВ Абдунаим (тав. 01. 08. 1936, деҳшурои Ёваи ноҳ. Хуҷанд), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (1975), проф. (1976), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1958). Ходими хурди илмӣ (1958 – 68), мудири лабораторияи беҳдошти меҳнат (1968 – 79) ва мудири шӯъбаи гигиенаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти ш. Душанбе (1979 – 80), проф. кафедраи беҳдошти умумӣ (1981 – 87) ва аз с. 1987 мудири кафедраи беҳдошти умумӣ ва экологияи ДДТТ. С-ҳои 1996 – 2001 декани факултаи пешгирии бемориҳои ДДТТ буд. Дар мавзӯи «Гигиенаи меҳнат дар сохтмони ГЭС-ҳои пуриқтидор дар шароити иқлими субтропикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Оид ба масъалаҳои беҳдошти меҳнат ва физиологияи одамоне, ки дар шароити иқлими гарм кор мекунанд, зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ ва доир ба масоили муҳими беҳдошти меҳнат ва ҳифзи муҳити зист зиёда аз 40 тавсияҳои методӣ ба табъ расондааст. Муаллифи 4 китоби дарсӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Б. 3 наф. рисолаҳои докторӣ ва 25 наф. рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Раиси Ҷамъияти илмии тиббии беҳдоштшиносон ва духтурони санитарии ҶТ, узви Ҷамъияти беҳдоштшиносони ИДМ, узви шӯрои таҳририяи маҷаллаҳои «Гигиена труда и профессиональные заболевания» (ИДМ), «Здравоохранение Таджикистана» ва «Паёми Сино».
Ос.: Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций, Д., 1982; Беҳдошт, Д., 1995; Дастур барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни беҳдошти умумӣ, Д., 1998; Условия труда работников основных профессий строительного производства и мероприятия по их оздоровлению, т. I – II, Санкт-Петербург, 1998; Водные ресурсы Таджикистана, Д., 2003; Общая гигиена, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …