Главная / Илм / БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич

БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич

imagesБОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич (19. 11. 1924, Хуҷанд – 23. 01. 2003, ҳамон ҷо), терапевт, доктори илми тиб (1964), проф. (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1969), иштирокчии ҶБВ. Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1939), Донишкадаи омӯзгории Тошкент (1941) ва ДДТТ-ро (1951) хатм кардааст. Муаллими физика ва математика, мудири қисми таълим, директори мактаби ибтидоии № 5 ҷамоати деҳоти Даҳана (1941 – 42). Хидмат дар сафҳои Артиши Сурх (1942 – 46). Ассистент, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи муолиҷаи ДДТТ (1951 – 60), докторанти Пажӯҳишгоҳи биофизикаи АИТ ИҶШС (1960 – 63), мудири кафедраи муттаҳидаи терапияи фак-тҳои педиатрӣ ва даҳонпизишкӣ, мудири кафедраи терапияи факултетӣ ва госпиталӣ (1964 – 74) ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ (1974 – 92), мудири беморхонаи ҷумҳуриявии реаниматсиявии ш. Хуҷанд (1992 – 96), директори Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд (1996 – 98). Муаллифи беш аз 300 кори илмӣ ва дастурҳои методӣ оиди масъалаҳои гуногуни кардиология, гематология, ревматология, курортология, пулманология, нефрология мебошад. Шаҳрванди фахрии ш. Хуҷанд (1995), акад. (1990) ва ноиби президент (аз с. 1996)-и академияи халқии «Нури Хуҷанд», узви раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии терапевтҳо, узви раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии кардиологҳо, гематологҳо, ревматологҳо, нефрологҳо, геронтологҳо буд. Солҳои зиёд вазифаи раисии Ҷамъияти терапевтҳои Тоҷикистонро иҷро мекард.
Бо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. мукофотонида шудааст.
Ос.: Здоровое сердце и высокогорье, Д., 1975; Касалиҳои дилу рагҳо ва пешгирии онҳо, Д., 1977; Мумиё и кровь, Д., 1986; Цитопенические синдромы в условиях жаркого климата Таджикистана, Д., 1987; Применение инструментальных неинвазивных методов исследования в кардиологии, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …