Главная / Илм / БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович

БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович

imagesБОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович (25. 8. 1915, Хуҷанд – 03. 07. 1992, Душанбе), доктори илми тиб (1972), проф. (1977), яке аз аввалин ташкилотчиёни ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон. Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. С. 1937 Ин-ти тиббии Тошкентро хатм карда, то с. 1943 дар хизмати ҳарбии тиббӣ буд. Сардори шӯъбаи тандурустии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд; 1943 – 47), ҷонишини вазир (1948 – 51), вазири нигаҳдории тандурустии ҶТ (1951 – 53), ассистенти ДДТТ (1953 – 58), сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ (1958 – 61). Роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи беҳдошти ба номи Эрисмани ш. Москва (1961 – 66), роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва эпидемиологияи Москва (1966 – 69), корманди Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили ҳифзи тандурустӣ ба номи Семашко (Москва; 1969 – 72), проф. (1972 – 76), мудири кафедра (1976 – 87) ва проф. кафедраи физиологияи ДДОД ба номи С.Айнӣ (1987 – 92). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ оид ба ташкил ва такмили фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. (даъвати 2). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи 2-юм, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. мукофотонида шудааст.
Ос.: Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …