Главная / Илм / БЛЕФАРОСПАЗМ

БЛЕФАРОСПАЗМ

blefarospazmБЛЕФАРОСПАЗМ (Blepharospasmus; аз юн. blepharon – пилк ва спазм), ташаннуҷи қисми пилкии мушакҳои даврагии чашм. Б. тонусӣ ва клонусӣ мешавад.
Б.-и тонусӣ ба таври устувор пӯшида шудани пилк бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм аст. Он ба таври рефлексӣ ҳангоми бемориҳои чашм, иллати асаби рухсора, амрози рӯҳӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Б.-и тонусӣ метавонад дар натиҷаи ба конъюнктиваи пилки боло ё қарния афтодани ҷисми бегона низ пайдо шавад.
Б.-и клонусӣ нисбатан кам ба мушоҳида мерасад. Сабаби пайдоиши он ғайриихтиёр ва тез-тез мижа задан аст. Б.-и клонусӣ яке аз тарзҳои мушакпарӣ (тик) маҳсуб мешавад. Барои муолиҷаи Б. сабаби онро бартараф сохтан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …