БЛЕННОРЕЯ (Blennorrhoea; аз юн. blennos – луоб ва rhoia – ҷорӣ шудан), бемории сироятии луобпарда (мултаҳима)-и чашм, ки ба он ихроҷи фасоди зиёд хос аст. Барангезандаи Б. бештар гонококкҳо мебошанд. Дар мавриди Б. пилки чашм варам карда, бағоят ғафс ва пӯсташ сурх мешавад, ҳангоми аз ҳад зиёд варам кардан, ранги он мепарад.
Б.- и навзодон, кӯдакон ва калонсолон байни худ тафовут доранд. Кӯдакони навзод вақти таваллуд аз модарон сироят меёбанд. Модароне, ки гирифтори сӯзоканду қоидаҳои беҳдошти санитариро риоя намекунанд, бемории худро ба кӯдак мегузаронанд. Нишонаҳои аввалини Б. дар кӯдакон баъди таваллуд (дар рӯзҳои 2 – 3) пайдо мешаванд: одатан, ҳарду чашм баробар иллат меёбад. Аввал чашм сурх шуда, конъюнктиваи пилк варам мекунад; рӯи конъюнктива суфта буда, ҳангоми даст расондан, зуд хуншор мешавад. Пас аз 3 – 4 рӯз конъюнктиваи пилк ғафс ва дурушт гашта, конъюнктиваи ғӯзаи чашм варам мекунад; аз чашм фасод меравад. Дар ин давра беморӣ ба қарнияи чашм низ паҳн мегардад. Дар сурати саривақт чора наандешидан, сироят андаруни ғӯзаи чашмро низ фаро мегирад ва боиси сар задани панофталмит мешавад.
Гоҳо дар навзодон бемории ба Б. монанд низ рух менамояд, ки ангезандаи он гонококкҳо нестанд. Дар ҳуҷайраҳои пӯсти конъюнктива, одатан, унсурҳое пайдо мешаванд, ки трахомаро ба хотир меоранд. Ҷараёни ин беморӣ нисбатан суст буда, қарнияи чашмро фаро намегирад.
Б. ба калонсолон, одатан, аз дасти ифлос мегузарад ва танҳо як чашми онҳо иллатнок мешавад. Ҷараёни беморӣ нисбатан вазнин аст. давраи ниҳонии он 1 – 2 рӯз давом мекунад.
Дар мавриди ба Б. гумон доштан, фавран ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим аст. Агар муолиҷаи Б.-ро сари вақт сар кунанд, кӯдакон баъди 3 – 5 рӯз ва калонсолон баъди 8 – 12 рӯз шифо меёбанд. Ҳангоми Б. чашми иллатиро бастан ҷоиз нест, зеро ин барои афзоиши ангезанда шароити мусоид фароҳам меорад. Барои пешгирии Б.-и навзодон бемории сӯзоки модарро табобат кардан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …