Главная / 2018 / January (страница 48)

Архив Месяца: January 2018

ДУМҒОЗА

dumgoza

ДУМҒОЗА (Os coccygis) дар натиҷаи якҷоя шудани 3 – 5 мӯҳраҳои рудиментӣ ташаккул ёфтааст. Дар байни устухони кос ба намуди фона ҷой дорад. Д. аз қисми боло бо ду шохчаи худ ба нӯги чорбанд пайваст мебошад. Дар нӯги Д. мушаки берунии мақъад устувор гаштааст. Ба осебҳои Д. зарбу лат хӯрдан, …

Муфассал »

ДУМИ ГОВАК

dumi-govak

ДУМИ ГОВАК (Verbascum soongoricum), марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 40 то 150 см қад мекашад. Пояаш рости сершох, нештаршакл. Хӯшагулаш калон, ҷорӯбшакл, гулаш зард. Май – июн гулу мева мекунад. Чун алафи бегона дар киштзори лалмӣ, сари роҳ, марғзор, канори бешазорҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, …

Муфассал »

ДУОДЕНИТ

Anterior view of coronal section of the stomach  SOURCE: 116653_1  MOD: Removed duodenal ulcer, added redness for inflammation
Original Exit Writer image is 116114 added peptic ulcer

ДУОДЕНИТ (Duodenitis), газаки луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта. Аксар вақт беморони гирифтори решдард, гастрит, панкреатит, холесистит Д. ҳам мешаванд. Сабаби асосии Д. таъсири моддаи турши меъда ба луобпардаи рӯда дар аснои аз меъда ба рӯда зуд гузаштан ва нокифоя безарар шудани шираи меъда дар рӯдаи дувоздаҳангушта мебошад. Истеъмоли номураттаби хӯрок, бисёр истеъмол …

Муфассал »

ДУРБИНИИ ПИРОНА

durbinii-pirona

ДУРБИНИИ ПИРОНА (Presbyopia; аз юн. presbus – пирсол ва opos – чашм), пресбиопия, сустии татобуқ, дар давраи пирӣ бинобар сахт шудани булӯрак рух менамояд. Д. п. ҳолати табиӣ аст. Бо гузашти синну сол булӯраки чашм сахт мешавад (ниг. Чашм). Дар натиҷа чандирии он кам гашта, тадриҷан қобилияти татобуқ (тағйир додани …

Муфассал »

ДУРБИНӣ

durbini

ДУРБИНӣ (Hypermetropia), дурназарӣ, як навъ нуқсони биноии чашм. Ҳангоми Д. нурҳое, ки аз ашёи муоинашаванда ба чашм мерасанд, на дар шабакия (тӯрпардаи чашм), балки дар паси он ҳамдигарро бурида мегузаранд. Д. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Дараҷаи Д.-ро аз рӯи қувваи оптикии линза муайян мекунанд: дар аснои ба рӯи чашм …

Муфассал »

ДУХТУР

duhtur

ДУХТУР (Medicus), пизишк, табиб, мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ (ғайр аз духтури дандон, ки бар хилофи духтури стоматолог маълумоти миёнаи тиббӣ ҳам дошта метавонад), ки ҳуқуқи бо фаъолияти тиббӣ машғул шуданро дорад. Аз рӯи ихтисос Д.-он ба ташкилотчии ҳифзи тандурустӣ, терапевтҳо (бемориҳои дохилӣ), педиатрҳо (духтури бачагон), ҷарроҳон, акушер-гинекологҳо (доягӣ ва …

Муфассал »

ДУХТУРИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ РСС ТОҶИКИСТОН

unvon

ДУХТУРИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ, 28 апрели соли 1940 таъсис ёфта, ба духтурони баландихтисоси беморхонаю дармонгоҳҳо, госпиталу амбулаторияҳо, таваллудхонаю санаторияҳо, инчунин дигар муассисаҳои муолиҷавию ташхисӣ, ки дар ҳифзи тандурустии аҳолии ҷумҳурӣ хидмати барҷаста намудаанд, супурда шудааст. Ашхоси зерин ба гирифтани ин унвон ноил гардидаанд: 1942: Крилова Елизавета (Хуҷанд), Кутчак …

Муфассал »

ДУШ

dush

ДУШ, навъе аз обшифоӣ, ки бо мақсади беҳдошти бадан ва муолиҷаю пешгирии бемориҳо истифода мешавад. Души беҳдоштиро (бо истифодаи собун, ҳарор. об 36 – 38°С; 15 – 30 дақиқа) ҳафтае 1 – 2 маротиба қабул мекунанд. Души табобатиро, ки духтур таъин мекунад, дар шифохона ба ҷо меоранд. Ҳангоми души табобатӣ …

Муфассал »

ДӯҒ

dug

ДӯҒ, ҷурғотест, ки равғанаш дар гуппӣ ҷудо карда шудааст. Д.-ро дар фасли гарми сол чун нӯшокии ташнашикан ва хӯриши таомҳои дигар истеъмол менамоянд. Аз Д. чакка ва қурут месозанд. Д. 91% об, 0,05 – 0,1% равған, 3 – 3,5% сафеда, 4 – 5% қанди шир (малтоза), 8 – 9% моддаҳои …

Муфассал »

ДӯЛОНА

dulona

ДӯЛОНА (Crataegus altaica), дарахтест майдаи буттамонанд. То 4 – 5 м қад мекашад. Навдаи хордор, барги паргӯша, гули сафед, меваи майдаи норанҷӣ ё зард дорад. Июн – июл гул карда, мевааш ох. авг. – сент. мепазад. Одатан, дар талу теппаҳо, соҳ. дарёҳои қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Пётри Якум, Помири …

Муфассал »