ДУШ

dushДУШ, навъе аз обшифоӣ, ки бо мақсади беҳдошти бадан ва муолиҷаю пешгирии бемориҳо истифода мешавад. Души беҳдоштиро (бо истифодаи собун, ҳарор. об 36 – 38°С; 15 – 30 дақиқа) ҳафтае 1 – 2 маротиба қабул мекунанд. Души табобатиро, ки духтур таъин мекунад, дар шифохона ба ҷо меоранд. Ҳангоми души табобатӣ фаввораи об ба тани бемор бо фишори муайян, ки тавассути асбоби махсус чен мешавад, таъсир мерасонад. Таъсири физиологии душ ба ҳарорати об ва фаввораи он, ки нӯгҳои асаб ва рагҳои хуни пӯстро меангезад, вобаста аст.
Душ чанд навъ мешавад: фавворавӣ (души Шарко ва шотландӣ), боронвор, сӯзанвор, гардвор, мудаввар (сиркулярӣ), рӯболо (барои байни суринҳо), масҳи зериобӣ ва ғ.
Тарзи қабули души Шарко чунин аст: аз фаввораи бодбезаквори об сар карда, ба фаввораи яклухт мегузаранд ва обро аз пои бемор тадриҷан ба тамоми бадани ӯ равон месозанд. Баъди сурх шудани пӯст ба бадан фаввораи бодбезакворро равона мекунанд. Ҳарорати об дар оғози табобат 35 – 32°С (агар лозим бошад, 42 – 40°С) буда, ҳар рӯз ё рӯз дар миён онро 1°С кам мекунанд ва то 20 – 15°С (вобаста ба ҳоли бемор) мерасонанд. Фишори механикии фаввораи об ҳисси ҳароратро тағйир медиҳад. Барои он ки бемор ҳарорати нофорами гармӣ ё хунукиро ҳис накунад, дар вақти паст кардани ҳарорати об фишори фаввораро баланд ва ё баръакс, паст менамоянд.
Тарзи истифодаи души шотландӣ чунин аст: бемор бо оби гарм ва хунук навбат ба навбат ғусл мекунад. Чунин ивази ҳарорати обро 4 – 6 бор такрор менамоянд. Дар аввали Д. фарқи ҳарорати байни оби гарм ва хунук кам аст, вале минбаъд ин тафовутро зиёд карда, то охири табобат агар лозим бошад, ба 35°С мерасонанд.
Дар души боронвор об аз тӯри махсус гузашта, мисли фавворачаҳо мерезад. Дар вақти души сӯзанвор об аз тӯр ва найчаҳои борики филизӣ гузашта, мисли «сӯзан» ҷорӣ мегардад. Ҳангоми души гардвор об аз сӯрохиҳои ниҳоят хурд мисли чанг пош мехӯрад.
Души мудавварро бо ёрии олати махсус (тӯри филизӣ), ки аз найчаҳо иборат аст, анҷом медиҳанд. Бемор дар миёнҷои он қарор мегирад ва об дар шакли фавворачаҳои нозук бо фишори баланд ба тани бемор мерасад. Души мудавварро бо оби ҳарораташ 36 – 34°С сар мекунанд ва ҳароратро тадриҷан кам карда, то адои муддати табобат ба 25°С мерасонанд.
Дар вақти души рӯболо бемор бо курсии сепоя, ки дар тагаш ҷумаки тӯрдор гузошта шудааст, менишинад. Оби фишораш баланд аз тӯр гузашта, ба байни суринҳои бемор мерасад. Ҳарорати оби души рӯболо ҳар хел мешавад (ширгарм, на гарму на хунук, каме сард). Баъзан барои фаро гирифтани чорбанд ба души рӯболо боз як олатро илҳоқ мекунанд. Агар гарданро бо душ фаро гирифтан лозим шавад, ба он ҷумаки махсус менишонанд.
Масҳи зериобӣ амалест, ки дар зери души боронвор ба ҷо оварда мешавад. Бештар душ – масҳи зериобӣ маъмул буда, масҳ на бо даст, балки бо фаввораи оби фишораш баланд анҷом мепазирад. Фаввора тавассути дастгоҳи махсус ба зери бемор, ки дар ваннаи обаш ширгарм дароз кашидааст, равона мешавад.
Душҳои гардвор, сӯзанвор, боронвор бештар дар аснои ноҷурии асаб, душҳои Шарко ва шотландӣ ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, махсусан дар вақти фарбеҳии аз ҳад зиёд, души рӯболо дар мавриди баъзе амрози рӯдаи рост, узвҳои пешоброн ва ғ., душ – масҳи зериобӣ дар аснои баъзе бемориҳои мушак, банду буғум, иллати мубодилаи моддаҳо истифода мешаванд. Ҳар навъи душро фақат духтур таъин мекунад. Души обаш ширгарми хонагӣ асабро таскин медиҳад. Души хунук тонуси асабҳоро қавӣ, баданро ба тағйири сармо тобовар месозад, боиси обутоби организм мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …