Главная / Илм / ДӯЛОНА

ДӯЛОНА

dulonaДӯЛОНА (Crataegus altaica), дарахтест майдаи буттамонанд. То 4 – 5 м қад мекашад. Навдаи хордор, барги паргӯша, гули сафед, меваи майдаи норанҷӣ ё зард дорад. Июн – июл гул карда, мевааш ох. авг. – сент. мепазад. Одатан, дар талу теппаҳо, соҳ. дарёҳои қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Пётри Якум, Помири Ғарбӣ (Панҷ, Бартанг, Ғунд, Шохдара) месабзад.
Хусусияти доруии Д. аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Д. талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи Д.-ро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи Д.-ро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳанд.
Ба ақидаи табибони мардумӣ агар Д.-ро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад, дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Д. қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби Д.-ро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди Д. ба гурда зарар дорад, иллати қулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби Д. то 90 г ва аз мевааш то 55 г аст.
Дар амалияи тибби муосир ҷавҳари обии Д. ё нақеъи гули онро чун давои рӯҳафзо (ҳангоми бемории дилу рагҳо), таскинбахш ва фишорфарор (20 – 30 чакрагӣ рӯзе 3 – 4 маротиба) истифода мебаранд. Ҷавҳари Д. ба таркиби доруи «Кардиовален» дохил мешавад, ки ҳангоми иллати тарбодии дил, кардиосклероз, стенокардия, неврози асабҳои нашвӣ ба кор меравад. Чунин даворо дар шароити хона тайёр кардан мумкин аст. Барои ин 1 чумча меваи кӯфта ё гули Д.-ро дар як истакон об андохта, 7 рӯз дар зарфи сарпӯшида нигоҳ медоранд. Сипас онро полида, рӯзе 3 – 4 маротиба пеш аз хӯрок 20 – 30 қатра менӯшанд. Метавон нақеъи Д.- ро низ кор фармуд. Барои ин 1 чумча меваро дар зарфи сарпӯшдор дар як истакон об меҷӯшонанд. Сипас онро аз оташ нагирифта (вале наҷӯшонида) 2 соат интизор мешаванд. Баъд даворо меполонанд ва рӯзе 3 – 4 маротиба 3 – 4 чумчагӣ меошоманд. Д. ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он флавоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …