Главная / Илм / ДУХТУР

ДУХТУР

duhturДУХТУР (Medicus), пизишк, табиб, мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ (ғайр аз духтури дандон, ки бар хилофи духтури стоматолог маълумоти миёнаи тиббӣ ҳам дошта метавонад), ки ҳуқуқи бо фаъолияти тиббӣ машғул шуданро дорад. Аз рӯи ихтисос Д.-он ба ташкилотчии ҳифзи тандурустӣ, терапевтҳо (бемориҳои дохилӣ), педиатрҳо (духтури бачагон), ҷарроҳон, акушер-гинекологҳо (доягӣ ва амрози занона), офталмологҳо (бемориҳои чашм), рентгенологҳо, невропатологҳо (амрози асаб), психиатрҳо (амрози рӯҳӣ ва равонӣ), стоматологҳо (бемориҳои дандон ва ҷавфи даҳон), дерматовенерологҳо (амрози пӯст ва зӯҳравӣ), оториноларингологҳо (амрози гӯш, гулӯ ва бинӣ), фтизиатрҳо (бемориҳои сил), Д.-ҳои санитарӣ ва ғ. тақсим мешаванд.
Духтурӣ яке аз касбҳои қадимтарин мебошад. Одамон ҳанӯз дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ усулҳои аввалини табобатро ба кор мебурданд. Баъди ба вуҷуд омадани дин ин вазифаро коҳинон ва сонитар табибон ба ӯҳда гирифтанд. Дар Мисри Қадим, Чин, Ҳиндустон, Юнон ва Рим Д.-они касбӣ пайдо шуданд, ки обрӯи калон доштанд, гирифтани унвони духтурӣ бошад, дониши зиёдро талаб мекард. Таърих номи машҳуртарин табибони қадим Буқрот (Гиппократ), Акслепиад, Абӯалӣ ибни Сино ва дигаронро, ки донишу маҳораташон нафақат ҳаёти ҳазорҳо муосиронро наҷот додааст, балки ба инкишофи минбаъдаи илми тиб низ таъсири назаррас дошт, ба некӣ ёд мекунад. Дар асрҳои миёна илми тиб мавқеи худро аз даст дод. Муддати мадид масъалаҳои ташкили ёрӣ ва таҳсилоти тиббиро калисо ҳал менамуд. Догматизми динӣ ба пешрафти илми тиб халал мерасонд. Давраи Эҳё, ки замони ривоҷи илму фарҳанг буд, натанҳо ба пешрафти босуръати илми табиатшиносӣ, аз ҷумла илми тиб мусоидат намуд, балки дар ташаккули нигаҳдории тандурустӣ ва таълими Д.-он низ таъсири бузург расонд. Дар асрҳои минбаъда сифати таълими Д.-он мунтазам беҳтар мешуд, илми тиб асрори нав ба навро ифшо мекард, сабаб ва роҳҳои инкишофи бемориҳоро ошкор месохт, Д.-онро бо усулу воситаҳои комилтари ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳо мусаллаҳ менамуд.
Комёбиҳои ҳозираи илму техника барои таъмини аҳолӣ бо ёрии касбии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам месозад. Мақсади ягонаи касбӣ ва нияти шахсии Д. ҳифзи саломатии инсон мебошад. Ин мақсад дар Савганди духтури Тоҷикистон ба таври возеҳ ифода ёфтааст. Масъулияти духтур, ки давлат ҳифзи зиндагӣ ва саломатии одамонро ба зиммаи ӯ гузоштааст, хеле калон мебошад. Иҷрои вазифаи мушкил, вале айни замон бошарафи духтурӣ дониши амиқи касбӣ, заҳмати зиёд ва фидокориро металабад. Д. бояд ҳар лаҳза барои ба мӯҳтоҷон расонидани ёрии тиббӣ омода бошад, ватанашро дӯст дорад. Дар ватани мо меҳнати Д. эҳтироми бузург ва қадри баланд дорад. Ҳазорҳо нафар духтурон бо ордену медалҳои ҷумҳурӣ унвони фахрии Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассуси Д.-ҳо дар ҷумҳурӣ аттестатсияи духтурон гузаронда мешавад. Дараҷаи тахассуси Д.-ҳоро комиссияи махсус муайян мекунад. Тахассуси дараҷаи олӣ ба Д.-е дода мешавад, ки аз рӯи ихтисос 10 сол (ва бештар аз он) собиқаи корӣ дошта бошад.
Дар ҷумҳурӣ мактаби асосии тарбия кардани Д.-он ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Донишгоҳи мазкурро то ин дам зиёда аз 30 ҳаз. наф. Д.-ҳо хатм кардаанд (2010). Соли 2009 дар ҷумҳурӣ 14459 наф. Д. фаъолият доштанд (ба ҳар 10 000 наф. аҳолӣ 19,2 наф.), аз ҷумла Д.-они беҳдоштшинос – 599 наф., Д.-они оилавӣ – 1221 наф., терапевтҳо – 2226 наф., кардиологҳо – 227 наф., ҷарроҳони асаб – 1138 наф., анестезиологҳо ва реаниматологҳо – 615 наф. ва осебшиносон – 313 наф.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …