ДӯҒ

dugДӯҒ, ҷурғотест, ки равғанаш дар гуппӣ ҷудо карда шудааст. Д.-ро дар фасли гарми сол чун нӯшокии ташнашикан ва хӯриши таомҳои дигар истеъмол менамоянд. Аз Д. чакка ва қурут месозанд. Д. 91% об, 0,05 – 0,1% равған, 3 – 3,5% сафеда, 4 – 5% қанди шир (малтоза), 8 – 9% моддаҳои хушк, 0,7% моддаҳои минералӣ, ферменту витаминҳо дорад.
Агар Д.-ро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, ташнагиро таскин медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …