Главная / Илм / ДУРБИНИИ ПИРОНА

ДУРБИНИИ ПИРОНА

durbinii-pironaДУРБИНИИ ПИРОНА (Presbyopia; аз юн. presbus – пирсол ва opos – чашм), пресбиопия, сустии татобуқ, дар давраи пирӣ бинобар сахт шудани булӯрак рух менамояд. Д. п. ҳолати табиӣ аст. Бо гузашти синну сол булӯраки чашм сахт мешавад (ниг. Чашм). Дар натиҷа чандирии он кам гашта, тадриҷан қобилияти татобуқ (тағйир додани шакли худ) – ро гум мекунад. Аз ин сабаб одам чизҳои наздикро равшан намебинад, чашм тез хаста мешавад, таркибу сохти предметҳо ё матни китоб норавшан менамоянд. Шахс ашё ё китобро аз чашм дуртар гузошта, баъд мебинад. Чунин ҳолатро Д. п. ё пресбиопия меноманд. Д. п.-ро фақат ба тавассути линзаи махсус бартараф месозанд. Ҳангоми пайдоиши Д. п. барои интихоби айнак ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим аст. Ниг. низ Дурбинӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …