Главная / Илм / ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ

ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ

diatermokoagulyatsiyaДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ (аз юн. dia – ба воситаи, therme – гармӣ, тасф ва коагулятсия), сӯзондани бофтаҳо ба тавассути ҷараёни барқи баландбасомад. Бо мақсади нигоҳ доштани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ, дур сохтани озах, баъзе омосҳои пӯст ва гулӯ, муолиҷаи эрозияи гарданаи бачадон, кӯчидани шабакияи чашм, илтиҳоби дандон, инчунин ҳангоми намудҳои гуногуни эндоскопия кор мефармоянд. Ба он мавзеи бадан, ки бояд табобат карда шавад, ҷараёни тағйирёбандаи баландбасомад мефиристанд. Дар натиҷа бофтаҳо то ҳадди коагулятсия (лахта бастан)-и сафедаҳо метасфанд, пардаи дохилӣ ва мобайнии рагҳо ҷинҷ шуда, ба дарун тоб мехӯрад ва сӯрохи рагро мебандад. Бо ҳамин хунравӣ қатъ мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …