Главная / Илм / ДИКРОСЕЛИОЗ

ДИКРОСЕЛИОЗ

dikloseliozДИКРОСЕЛИОЗ (Dicrocoeliosis), як навъ бемории гелминтозӣ. Ҳангоми Д. ҷигар ва талхадон осеб меёбад. Ангезандаи Д. Dicrocoelium lanceatum аст; дарозиаш 5 – 15 мм, паҳниаш 1 – 2,5 мм. Дар давраи болиғӣ он дар маҷрои талха ва талхадони чорвои калон ва моли майда зиндагӣ мекунад. Манбаи беморӣ ҳайвоноти алафхор буда, онҳо ба воситаи ахлот тухми гелминтҳоро паҳн мекунанд. Тухмҳоро нармбадан (моллюск)-ҳо фурӯ мебаранд. Дар организми нармбаданҳо тухм инкишоф ёфта, ба систа мубаддал мегардад. Систаҳо аз организми нармбаданҳо хориҷ мешаванд. Онҳоро мӯрчаҳо истеъмол менамоянд. Одам ва ҳайвонот дар натиҷаи тасодуфан бо ғизо фурӯ бурдани мӯрчаҳо сироят меёбанд.
Ҳангоми Д. маҷрои талха васеъ ва девораҳои он ғафс мешаванд. Баъди 2 – 4 ҳафтаи сироят, дил беҳузур гашта, зери қабурғаи рост дард мекунад, ҳарорат баланд, ҷигар калон, миқдори эозинофилҳо дар хун зиёд мешавад. Д.-ро бо хлоксил табобат мекунанд. Фарҷоми маризӣ хуб аст.
Ниг. низ Гелминтозҳо, Трематодозҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …