Главная / Илм / ДИБАЗОЛ

ДИБАЗОЛ

dibazolДИБАЗОЛ, як навъ дору. Д. тонуси мушакҳои суфтаи узвҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо, аъзои таносулу пешоб, рагҳои хунгард ва ғ.-ро суст мекунад. Д. барои рафъ сохтани хуруҷи ногаҳонии дарди сар (ҳангоми гипертония), шикам (дар вақти халаи рӯда ё ҷигар), сандуқи сина (дар вақти хуруҷи стенокардия) ё миён (ҳангоми дарди санги пешоб) таъин карда мешавад. Онро метавон ба зери забон гузошт ё истеъмол кард. Дар мавриди ба зери забон гузоштан, таъсири дору меафзояд. Бо мақсади афзун гардондани таъсири Д. якҷоя бо он метавон аз доруҳои дигар низ истифода бурд, мас., папаверин, но-шпа, доруҳои талхарон, пешоброн ва ғ. Баҳри идома додани таъсири муолиҷавии Д. онро баъди 4 – 6 соат такроран истеъмол менамоянд.
Д., одатан, таъсири номатлуб надорад, вале бо вуҷуди ин, ҳангоми истеъмоли он эҳтиёт шудан лозим аст (хусусан пиронсолон). Дар аснои гипотензия (паст будани фишори артерия) истифодаи Д. ҷоиз нест, зеро он мумкин аст боиси аз ҳуш рафтани бемор шавад.
Таъсири Д. баъди 20 – 30 дақ. фаро мерасад. Таъсири бештарини он баъди 1,5 – 2 соат мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …